Мақомоти Молдова гуфтанд, ки ба шаҳрванди Русия Александр Петров бо номи "Николай Попа" шиносномаи ин кишварро надодаанд. Оҷонси хадамоти давлатии Молдова рӯзи 20-уми апрел дар изҳороте гуфт: "Шаҳрванд Николай Попа, санаи таваллудаш 18-уми июли соли 1979, дар Феҳристи давлатии аҳолии Ҷумҳурии Молдова сабт нашудааст. Шиноснома бо рақами A3194368 ба номи шахси дигар ва санаи таваллудаш дигар дода шудааст."
Масъулони ин ниҳод гуфтаанд, нашри ҷузъиёти дигари марбут ба шиносномаи мазкур бе ризоияти соҳиби санад хилофи қонун дар бораи маълумоти хусусӣ аст.
Чехия "Попа" ва "Табаров"-ро меҷӯяд
Мақомоти Чехия рӯзи 17-уми апрели имсол гуфтанд, шаҳрвандони Русия Александр Петров ва Руслан Боширов дар таркиши анбори силоҳе дар деҳаи Врбетитсе дар шарқи Чехия даст доранд ва ҳоло ба кофтукоби байналмилалӣ дода шудаанд. Ҳодиса 16-уми октябри соли 2014 рӯй додааст.
Полиси Ҷумҳурии Чех гуфт, Петров ва Боширов аз 11 то 16-уми октябри соли 2014 дар Чехия буданд ва аз шиносномаи Молдова ба номи Николай Попа (санаи таваллуд 18-уми июли соли 1979) ва аз шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров (санаи таваллуд 23-юми октябри соли 1975) истифода кардаанд.
Боширов ва Петров гумонбарони асосии заҳролудкунии ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтараш дар соли 2018 дар Бритониё ҳастанд ва иттиҳомоти охири мақомоти Чехия моҷарои нави дипломатии миёни Маскав ва Аврупоро барангехт. Аз ҷумла, баъди ин изҳорот 18 дипломати рус аз Прага ва 20 дипломати чех аз Маскав берун карда шуданд.
Бино ба маълумоти мақомоти амниятии Чехия, Петров ва Боширов аз Русия бо шиносномаҳои русии худ вориди Чехия шуда, шиносномаҳои тоҷикӣ ва молдовиро танҳо ҳангоми вуруд ба анбори аслиҳаи Врбетитсе ба кор бурдаанд. Дар ин замина гуфта мешавад, онҳо аз номаи фармондеҳии Горди Миллии Тоҷикистон истифода карда, ҳадафи худро шиносоӣ бо анвои силоҳ ва муҳиммоти ҷангии мавриди фурӯш номидаанд.
Тоҷикистон ба шарҳи қазия омода нест?
Дар ҳоле ки мақомоти Молдова чаҳор рӯз баъд аз изҳороти мақомоти Чехия мансубияти шиносномаи шаҳрванди Молдоваро ба гумонбари ташкили таркиш дар Ҷумҳурии Чех рад карданд, дар Тоҷикистон мақомот мегӯянд, ҳанӯз барои шарҳи қазия омода нестанд.
Аз ҷумла, рӯзи 19-уми апрел дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қазияро аз матбуот шунида мавриди таҳқиқ қарор додаанд. ВКХ гуфт, феълан барои шарҳи хабар омода нестанд ва танҳо баъд аз санҷидани қазия дар ин бора суҳбат хоҳанд кард.
Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дода шудани ин шиносномаро ба шаҳрванди Русия тасдиқ ё рад накард.
Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Тоҷикистон баъд аз соли 2018 дар заминаи гуё зодаи Душанбе будани яке аз гумонбарони заҳролудкунии Скрипалҳо - Боширов шарҳе надоданд. Он замон матбуот ошкор кард, ки дар шиносномаи Боширов навишта шудааст, ӯ 12-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, сокини манзиле дар кӯчаи Болшая Набережная дар шаҳри Маскав аст, вале таҳқиқоти журналистон инро тасдиқ накард.
Молдова як ҷумҳурии Шӯравии собиқ аст, ки сиёсати хориҷии аврупогароиро пеша кардааст. Тоҷикистон Русияро як муттафиқи сиёсӣ ва шарики стратегии худ медонад ва ҳар сол ҳудудан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба он кишвар мераванд.