Имрӯз дар бораи нархи гӯшту равғану орд гап мезанем, ки дар остонаи моҳи Рамазон дар Тоҷикистон боло рафт. Дар гузорише, ки Радиои Озодӣ дар ин бора дошт, мардум шикоят мекарданд, ки дар бозорҳо гӯшт 65, орд то 250 сомонӣ шудааст ва қимати тухму сабзавоту дигару дигар ҳам боло рафтааст.
Корбарони зиёде тоҷирону фӯрушандагонро сарзаниш карда ва ҳатто дашном додаанд, ки пеш аз Рамазон қиматҳоро боло бурданд ва имон надоранду мусулмониро намедонанду ғайраву ҳоказо.
Аммо теъдоди дигари мардум дар Фейсбуку, Инстаграм ва вебсайти Радиои Озодӣ ба ҳимояти фурӯшандагон бархоста ва гуфтаанд, болоравии қиматҳо гуноҳи тоҷирон нест ва сабабҳои иқтисодии ҷиддитар дорад. Шарҳи корбареро аз вебсайти Радиои Озодӣ мехонем, ки худро Тоҷик муаррифӣ кардааст:
“Як қонуни куллӣ ҳаст. Агар дар ҳар коре, ки даромади молӣ бошад ва рақиб надошта бошӣ, вазъ ҳамин аст. Ҳарчи нафси бади инсон бихоҳад, ҳамонро анҷом медиҳад, зеро дар муқобили ӯ каси дигар нест, ки рақобат кунад.»
Айни шарҳро бо ҷузъиёт Рустам Одинаев яке аз корбарони Фейсбук дар саҳифаи Радиои Озодӣ гузошта ва гуфтааст, ки лаҷоми қимати маводи хӯрока пеш аз ҳама дар дасти тавлидкунандаи он аст, ки худаш мемонад.
Рустам Одинаев чунин навиштааст: «Барои гарон шудани нархи хӯрока савдогарон гунаҳкор нестанд. Ҳамон шахсоне ҳастанд, ки хӯрока аввал ба дасти онҳо мерасад. Солҳои пеш дар Тоҷикистон корхонаҳои мурғпарварӣ кам буд, тухм арзон буд. Ҳоло корхонаву фабрикаҳои мурғпарварӣ бисёр шудааст, баръакс тухмро қиммат кардаанд.”
Гуруҳе аз корбарони дигар гуфтаанд, азбаски тавлиди маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон зиёд намешавад ва арзаи он дар бозор ба қадри кофӣ нест, дар сурати афзудани талабот дар остонаи Рамазон қиматҳо боло мераванд. Шарҳе бо ҳамин мазмунро корбаре бо номи Юлдошро дар вебсайти мо гузоштааст:
“Аҳолӣ зиёд мешавад ва ин бад он маъност, ки талабот ҳамасола меафзояд, вале пешниҳод бетағйир аст. Натиҷа ин мешавад, ки нарх ҳамасола боло хоҳад рафт. Мардуми камбизоат маҷбур аст, аз гӯшти гову гӯсфанд даст кашад ва ба гӯшти мурғ гузарад, ки нисбатан дастрас аст.”
Ба гуфтаи гуруҳе аз корбарони саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Фейсбуку Инстаграм, боло рафтани қиматҳо дар воқеъ сабаб шудааст, ки мардум дигар аз истеъмоли баъзе аз маводи хӯрокаи зарурӣ барои сиҳатии инсон, даст бикашанд.
Абдуллоҷон Зокиров дар ин бора дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук чунин навиштааст: “Мардум кайҳост, фаромӯш кардаанд, ки гӯшт чист. Дили пирон ба гӯшт меравад, мехоҳанд, чизҳои бомазза истеъмол кунанд, вале нест. Аз як агар тараф ҳаққи нафақа ва музди корро боло баранд, аз паси он андоз, қимати барқро боло мебаранд. Барои ҳамин мисли пешина ба мо ҳамачиз намерасад.”
Дар ин миён як корбаре дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, ки беэътиноӣ ба вазъ ва идомаи болоравии қиматҳо метавонад, барои амнияти Тоҷикистон хатар эҷод кунад. Ин корбар, ки худро Хуталонӣ муаррифӣ кардааст, чунин шарҳеро зери гузориши мо гузоштааст:
“Ягон нафаре ҳаст, ки ба Ҷаноби олӣ расонад, ки бозору дӯконҳо нишондиҳандаи ва ё индикатори аҳволи зиндагии мардум мебошад. Дар ҳамин шабу рӯз, қариб то 1000 нафар зану мард, нархи қимати бозорро дида, нисбат ба Ҷаноби олӣ дуои бад карда истодаанд. Боз ҳамон такрори таърих, хатогиҳои давраи Амир Олимхон!!!”
Хуталонӣ дуруст мегӯяд, ё не? Мехоҳед ба ӯ ҷавоб диҳед. Зери ҳамин барнома нависед ва ё назаратонро дар телефон сабт кунеду ба ин шумора +420 607 900 808 бифристед. Вайберу Вотсаппу Телеграму Имо дорад.