Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Вена, мақомоти Амрико ва Эрон дар меҳмонхонаҳои гуногун истоданд ва бо тарафҳои дигари созиши атомӣ бо Эрон алоҳида гуфтугу карданд.
Бо намояндагони Бритониё, Фаронса, Олмон ва Русияву Чин, ки зери созиши соли 2015 имзо гузоштаанд. Ҳам Вашингтон ва ҳам Теҳрон гуфтугуҳоро “созанда” хонданд. Пас аз соли 2018, ки раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп, Амрикоро аз созиши атомӣ ду кишвар ҳеч гуфтугуи ғайримустақим надоштаанд.
Нед Прайс, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, ҳеч гуна музокироти мустақим дар назар нест, вале Иёлоти Муттаҳида барои он боз аст. Ду кишвар мехоҳанд, яке аз дигарӣ пештар барои ҳалли баҳс қадам бардорад ва ҳаминро монеаи аслӣ дар роҳи эҳёи созиш медонанд. Зимни суол дар бораи ин масъала Прайс ба зарурати мусолиҳа таъкид кард: “Чунин (талаб) моро ба пеш намебарад ва мо инро медонем, ки исрори зиёд ба талабе ғолибан моро ба ҷое намерасонад.”
Дар Эрон таваҷҷуҳ ба гуфтугуҳо дар Вена бисёр зиёд аст, чун мардум умедворанд, ки бардоштани таҳримоти нафасгиркунандаи Ғарб аз назари иқтисодӣ барояшон сабукӣ меорад. Дипломатҳо дар Вена ду гуруҳи корӣ ташкил кардаанд, ки яке барои бозгардонидани Эрон ба иҷрои созиши атомӣ кор мекунад, дигаре барои сабуктар кардани таҳримоти Амрико ба зидди Эрон. Барбара Славин аз Шӯрои Атлантик мегӯяд, раиси ҷумҳур Ҷо Байден метавонад, созишро эҳё кунад.
Барбара Славин аз Шӯрои Атлантик: “Демократҳо ҳарду палатаи Конгрессро дар даст доранд. Дар воқеъ шояд Доналд Трамп бо хориҷ кардани Амрико аз созиш барои мо лутфе кард. Ин корро замоне кард, ки Эрон ба созиш содиқ буд ва аз ин сабаб созиш обрӯи бештар ёфт. “
Ҳейнз Гартнер аз Пажуҳишгоҳи Умури Байналмилалӣ дар Австрия мегӯяд, аҳдномаи 25-солаи стратегӣ ва 400 миллиардолларии Эрону Чин, ки моҳи гузашта имзо шуд, шояд тарафҳоро ангезаи бештар дод, ки созиши атомиро эҳё кунанд.
Ӯ ба хабарнигори Садои Амрико гуфт: “Ин ки Чину Эрон ба ин созиши фарогири иқтисодӣ ва ҳатто фарҳангӣ расиданд, ҷолиб аст ва он як фишори ғайримустақим буд, ки амрикоиҳо ҳам эҳсос карданд.”
Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, гуфтугуҳо намоёнгари “як фасли тозае” номид ва гуфт, созиши атомӣ, ки бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдомоти Муштарак меноманд, ягона роҳи ҳаракат ба пеш аст. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, мумкин аст, созиш то рӯзи 18-уми июн ки Эрон интихобот дорад, эътибори пешинаашро бозпас бигирад.