Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух чӣ назар доранд?


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафараш дар ҷамоати Ворухи Исфара. 9-уми апрели 2021
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафараш дар ҷамоати Ворухи Исфара. 9-уми апрели 2021

"Сафари президенти Тоҷикистон ба Ворух ва гуфтаҳои ӯ дар мавриди мақоми ин ҷамоат шунида шуд, вале вокуниши ҷиддие дар Қирғизистон ба бор наовард", -- мегӯянд коршиносони ин кишвар.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух дар рӯзи 9-уми апрел сафари маъмулӣ набуд. Дар ҷараёни он президент мавқеи расмии Тоҷикистонро дар бораи мақоми ин ҷамоат ва гуфтушунидҳо бо Бишкек изҳор кард

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, "дар тӯли тамоми давраи гуфтушунидҳо, яъне 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон қаламрави дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад." Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки "чунин масъалаҳо танҳо тавассути гуфтушунид ҳал мешаванд. Роҳи дигари ҳалли чунин мушкилот вуҷуд надорад".

Онҳое, ки дар марз зиндагӣ мекунанд, барояшон ин мавзуъ хеле сахт аст ва мехоҳанд, ҳеч гуна гузаште сурат нагирад. Шахсоне, ки дур аз Ботканд ҳастанд, дарк мекунанд, ки сарҳад бояд таъин ва аломатгузорӣ шавад.
Денис Бердаков

Эмомалӣ Раҳмон аз сокинони Ворух даъват кард, ки бо ҳамсоягон дар фазои дӯстона зиндагӣ кунанд, ором бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд.

Сафари президент ба ин минтақа дар пасманзари нигарониҳои ҷомеаи Тоҷикистон аз пешниҳоди роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, Қамчибек Тошиев, дар бораи иваз кардани Ворух ба 12 ҳазор гектар замин дар ноҳияҳои дигари вилояти Ботканд сурат гирифт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ чунин пешниҳодро ғайри қобили қабул номида, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзорда алайҳи он садо баланд карданд.

"Сарусадоҳо набуд, вале шахсони зарурӣ фаҳмиданд"

Профессори риштаи сиёсатшиносии Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ Эмил Ҷӯраев мегӯяд, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух ва изҳороти ӯ дар Қирғизистон вокунишҳо ба бор наовард, чаро ки ба замони интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ рост омад ва ҳангомавӣ набуд.

"Ин як чизи табиие ҳаст, ки сарвари давлат метавонист ва бояд мекард. Ва дар робита ба саволи Ворух ва вокунишҳо ба пешниҳодҳо, он чизе ки ӯ гуфт, комилан муносиб ва мавриди интизор буд. Дар сафар ва суханрониҳои ӯ ҳеч чизи мушкилзо ва алангадиҳандае набуд", -- таъкид мекунад Ҷӯраев.

Пояи парчами Тоҷикистон дар ҷамоати Ворух
Пояи парчами Тоҷикистон дар ҷамоати Ворух

Ба қавли ӯ, раҳбари Тоҷикистон дараҷаи кофии дипломатия ва дарки сахтии ин мушкилиро ба намоиш гузошт. Сарфи назар аз сурат нагирифтани вокунишҳои ҳамагонии созмонёфта, мегӯяд Ҷӯраев, шахсони зарурӣ гуфтаҳои роҳбари Тоҷикистонро пай бурданд, ки он вазъи мавҷуди хос ва имкони иртиботи минбаъдаро бозбинӣ кард.

азири пешини ВКХ Тоҷикистон фикри Раҳмонро ба забон овард

Қаблан, дар фазои иттилоотӣ посухи вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ вокуниш барангехт, ки Қамчибек Тошиевро интиқод ва пешниҳоди ӯро дар мавриди табодули Ворух "комилан сафсата" номида буд.

Сиёсатшиноси мустақили Қирғизистон, Марс Сариев, мегӯяд, Тошиев аз бетаҷрибагӣ пешниҳоди ҷониби Қирғизистонро оммавӣ кард, ки Тоҷикистон аз забони роҳбари пешини Вазорати умури хориҷӣ ба он посухи дағалона дод. "Ҳамин тариқ, Душанбе маълум кард, ки масъалаҳои марзӣ дар ояндаи наздик ҳал нахоҳанд шуд ва марзи Қирғизистону Тоҷикистон омили бесуботӣ хоҳад монд", - гуфт Сариев.

Марс Сариев
Марс Сариев

Ба гуфтаи вай, вокуниши Бишкек ба амалкарди Душанбе ҷилавгирӣ аз қочоқи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ва дигар воридот хоҳад буд.

Дар бораи қатъи воридоти маҳсулоти қочоқӣ худи Қамчибек Тошиев ҳам дар нишасти хабарӣ гуфт. Роҳбари хадамоти махсуси Қирғизистон изҳор дошт, ки "ҳоло як литр сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ба Тоҷикистон намеравад ва аз Тоҷикистон ҳам маҳсулот ворид намешавад. Пас аз ҳалли масоили марзӣ дар ин росто сабукиҳо мешавад."

Даъватҳо барои коргирӣ аз бас кардани қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистон ба унвони як василаи фишор дар Бишкек пештар ҳам дар замони рух додани низоъҳо садо дода буданд. Соли 2013 расонаҳои Русия ва Қирғизистон дар бораи даст доштани мансабдорони баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла наздикони президент Эмомалӣ Раҳмон, дар чунин қочоқ навишта буданд. Эҳтимол дар Бишкек ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи сӯхтро воситаи муассири фишор ба ҳукумат медонанд.

“Ниёз аст, ки як роҳи созиш пайдо шавад”

Дар мулоқот бо сокинони Ворух Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тибқи натиҷаҳои 19 соли фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ 519,9 километр марз муайян ва мувофиқа карда шудааст ва лоиҳаи созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода карда шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон расмиёти дохилии ин созишро, ки мебоист моҳи майи соли 2016 имзо мешуд, ба итмом расонид.

"Бо вуҷуди ин, бо сабабҳое, ки аз Тоҷикистон вобаста нестанд, созишнома дар мавриди ҳудудҳои мувофиқашуда ҳанӯз ба имзо нарасидааст", -- гуфт раҳбари Тоҷикистон.

Денис Бердаков
Денис Бердаков

Коршиноси масоили сиёсӣ Денис Бердаков мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави Ворух иншооти иҷтимоиро сохта ба истифода доданд ва ин бозгӯкунандаи он аст, ки онҳо ин қаламравро иваз карданӣ нестанд. "Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки музокироти баъдӣ душвор хоҳанд буд ва мисли бист соли пеш ниёз аст, ки созише пайдо шавад", - гуфт Бердаков.

Ӯ ишора мекунад, ки дар Қирғизистон дар мавриди масоили марзӣ ду ақидаи ҳоким вуҷуд дорад:

  • “Онҳое, ки дар марз зиндагӣ мекунанд, барояшон ин мавзуъ хеле сахт аст ва мехоҳанд, ҳеч гуна гузаште сурат нагирад. Дар ҳар сурат, ин мардум дар сурати гузаштан кардан мақомотро гунаҳкор мекунанд.
  • Шахсоне ҳастанд, ки дур аз Ботканд зиндагӣ мекунанд ва дарк мекунанд, ки сарҳад бояд таъин ва аломатгузорӣ шавад, зеро ин кафолати тиҷорати одилонаи муштарак аст ва ин ягона роҳи ташкили тиҷорати мутақобилан судманд ва ҷалби сармоя мебошад.”

То замоне ки марз муайян нашавад, хатарҳои гуногуне барои бесуботӣ дар пай дорад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳоро дар мавриди аломатгузорӣ ва таъини сарҳади давлатӣ соли 2002 оғоз карда, дар мавриди 60 дарсади сарҳад мувофиқа ҳосил шудааст. Дар айни замон, аз 976 километр сарҳади байнидавлатӣ танҳо 504 километр таъину аломатгузорӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG