Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари САҲА ба Тоҷикистон меояд. Аз мухолифин хоҳанд гуфт?


Анн Линде
Анн Линде

Вазири корҳои хориҷии Шветсия, ки ҳамзамон раҳбари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупост, аз чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дидан мекунад. Сафари ӯ 11-уми апрел оғоз шуда, то 15-уми апрел идома хоҳад дошт.

Дафтари матбуоти САҲА рӯзи 11-уми апрел гуфт, Анн Линде ба Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон меравад. Бо мақомоти Туркманистон, кишвари панҷуми Осиёи Марказӣ, мулоқот онлайн баргузор хоҳад шуд. Гуфтугӯ бо вазири корҳои хориҷии Туркманистонро рӯзи 16-уми апрел ба нақша гирифтаанд.

Як интиқоди Душанбе аз САҲА ин аст, ки дар баробари мақомоти расмии кишварҳои узв, ба намояндагони мухолифон ҳам минбари баробар медиҳад.

Дар изҳороти САҲА гуфта мешавад, Анн Линде дар сафараш ба кишварҳои узви созмон бо раҳбарони кишварҳо, вазирони умури хориҷӣ ва намояндагони ҳукумату ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот мекунад. Мавзӯи асосии суҳбатҳо "иҷрои ӯҳдадориҳои кишварҳо дар баробари САҲА" будааст.

Дар миёни барномаҳои сафар – дидор аз Академияи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (Бишкек) ва ошноӣ бо Коллеҷи марзбонии САҲА (Душанбе) зикр шудааст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, мавзӯи амнияти фарогир, ҳамкориҳои минтақавӣ, нақши фаъоли занон дар рушди ҷомеа аз масоилест, ки Анн Линде дар ин сафар дар миён мегузорад.

Ҷузъиёти аз ин бештар дар даст нест.

Сафар баъд аз маҳдуд шудани кори созмон

Ин сафари нахустини як раҳбари банадпояи созмони ҳомии демократия ба қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар чанд соли охир аст.

Сафар дар ҳоле баргузор мешавад, ки баъд аз соли 2016 Тоҷикистон салоҳиятҳои ин созмонро, ки дар дуртарин қаламравҳои Тоҷикистон намояндагӣ дошт, кам кард. Душанбе дар ҷаласаи соли гузашта барои тасдиқи дубораи номзадии Ҳарлем Дезир ба мансаби намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот низ мухолифат нишон дод.

Як интиқоди Душанбе аз созмони иборат аз 53 узв ва ҳомии интихоботи озоду матбуоти мустақил ин аст, ки дар баробари мақомоти расмии кишварҳои узв, ба намояндагони мухолифон ҳам минбари баробар медиҳад.

Давоми солҳои 2016-2019 матбуот аз бархурди ҳайатҳои ҳукумат ва оппозитсияи тоҷик дар ҷаласаи САҲА оид ба арзёбиҳои инсонӣ гузориш доданд. Ин ҷаласа ҳар моҳи сентябр дар Полша ё Лаҳистон гузаштааст.

Бо мухолифон ё бе мухолифон?

Мақомоти тоҷик иддао мекунанд, ки гурӯҳ ва афроде, ки дар Тоҷикистон “террористӣ ва мамнуъ” эълон шудаанд, набояд дар як толор бо намояндагони расмӣ ҳузур дошта бошанд, вале САҲА мегӯяд, як рисолати калидии он пешниҳоди минбари баробар барои ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ, аз ҷумла мухолифон мебошад.

Маълум нест, оё дар сафари худ ба Тоҷикистон Анн Линде аз маҳдуд шудани ҳамкориҳо бо САҲА ҳам суҳбат мекунад ё на.

Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, солҳои охир ҳукуматҳои худкомаи собиқ қаламрави Шӯравӣ, ки аз интиқодҳои САҲА хушашон намеояд, талош мекунанд, ба фаъолиятҳои ин созмони демократӣ осеб расонанд.

Дар давоми наздик ба 30 соли истиқлоли Тоҷикистон САҲА ҳеҷ як интихоботи порлумонӣ ва президентии ин кишварро мутобиқ бо меъёрҳои демократӣ арзёбӣ накардааст.

САҲА яке аз созмонҳои муҳими ҳамкори Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар 19-уми феврали соли 1994, замони ҷанги дохилӣ шуруъ карда, то имрӯз миллионҳо долларро барои иҷрои барномаҳояш ҷудо кардааст.

Нақши созмон барои бозгардондани муҳоҷирон, ёрӣ барои барқарории баъдиҷангӣ, пуштибонӣ аз созмонҳои ҷамъиятӣ, роҳандозии тарҳҳои гуногуни марбут ба рушди демократия, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат дар таъмини баробарии ҷинсӣ хеле муҳим будааст.

XS
SM
MD
LG