Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ зани саргардон соҳиби манзил шуд. ВИДЕО


Зӯҳро Бобоёрова соҳиби хона шуд

Пас аз як моҳи нашри гузориши Радиои Озодӣ дар бораи зане, ки дар кулбаи оҳание бо навиштаи "Сартарашхона" дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекард, афроди хайроҳ ба ӯ хона тӯҳфа кардаанд.

Дар ин гузориш, ки рӯзи 9-уми март нашр шуд, Зӯҳро Бобоёроваи 56-сола гуфта буд, зани танҳост ва дар утоқи оҳание зиндагӣ мекунад, ки ба ҷуз аз маҳкам будани гирду атроф, барқу оби ошомиданӣ надорад.

Гузориши видеоиро ин ҷо бинед.

Баъди нашри гузориши Радиои Озодӣ зани саргардон соҳиби манзил шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Садҳо нафар баъди нашри гузориши Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки омодаи кӯмак ба ин зан ҳастанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми апрел бо ин зан дар манзиле вохӯрд, ки барояш афроди хайроҳ тӯҳфа кардаанд.

“Аввал Худо, баъд Радиои Озодӣ ва дигарон сабаб шуданд, ки соҳиби хона шавам. Хонаро бо тамоми ҷиҳозаш ба ман доданд. Ҳатто барои чанд вақт маҳсулоти ғизоӣ низ бароям оварданд.”,--гуфт Зӯҳро Бобоёрова.

Афроди хайроҳ нахостанд, номашон расонаӣ шавад ва гуфтанд, ки "ин корро барои ризои Худо кардаанд".

Манзили зисти Зӯҳро Бобоёрова дар яке аз баландошёнаҳои шаҳри Кӯлоб бо маблағи 111 ҳазор сомонӣ, бештар аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шудааст.

Дар гузориши қаблии Радиои Озодӣ Зӯҳро Бобоёрова гуфта буд, ки дар ҳоҷатхонаи бозори "Сомонӣ"-и шаҳри Кӯлоб кор мекунад ва дар рӯзҳои сард ба кулбаи оҳанияш намеравад. Як гӯшаи ташнобро ҷойи хоб дуруст кардааст ва он ҷо хоб мекунад.

Ӯ гуфта буд, ки "гоҳ дар рӯз 20 сомонӣ ва гоҳи дигар 6 сомонӣ кор мекунад”.

Қиссаи зиндагии Зӯҳро Бобоёрова пурпечутоб аст. Дар 40-рӯзагии ӯ модару падараш аз ҳам ҷудо шуда, дар дасти падар мондааст. Як хоҳар дорад, ки ӯ низ ҳамроҳи падар бузург шудааст, аммо ҳоло ҳар кас аз пайи зиндагии худ аст.

Соли 1980 Зӯҳро дар 16-солагӣ ҳамсари як сокини Фархор шуд, то дигар сарбории падар набошад. Дар даҳ соли зиндагии якҷоя фарзанд надид ва хонавода аз ҳам пошид.

Ӯ мегӯяд, дар умраш кумаке аз давлат дарёфт накард. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон ёриҳои башардӯстона мефиристанд, то афроде ба мисли ӯ ҳоли беҳтаре дошта бошанд. Баръакс, сокинони шаҳри Кӯлоб мегӯянд, шахсони ба мисли Зӯҳро Бобоёрова то рафт бештар мешаванд ва охирин умедашон кӯмаки афроди хайрхоҳ ҳаст, ки бештарашон муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳастанд.

XS
SM
MD
LG