Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости хабарнигорону фаъолон аз ҳукумати Исфара дар бораи Иқбол Тешаев. ВИДЕО


Иқбол Тешаев 51-сола буд
Иқбол Тешаев 51-сола буд

Гуруҳе аз хабарнигорону фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти Исфара хостаанд, як хиёбон ва ё бинои фарҳангиро ба номи рӯзноманигор Иқбол Тешаев бигузоранд.

Иқбол Тешаев рӯзи 5-уми апрел бар асари беморӣ даргузашт. Ӯро дар зодгоҳаш ҷамоати Ворух дафн карданд. Муҳаммад Иқбол, писари Иқбол Тешаев, рӯзи 6-уми апрел гуфт, “ҳамеша дар ғами ватан буданд. Ҳамеша тоҷик мегуфтанд, қирғиз мегуфтанд, лекин худашон монда рафтанд.”

Рӯзноманигорон мегӯянд, Иқбол Тешаев аз дастрастарин сухангӯй дар мақомоти маҳаллӣ буд, ки ҳангоми музокироти байнимарзӣ иттилои саривақтӣ медод ва барои таҳияи гузоришҳо аз нуқтаҳои доғ кумак мекард. Вай ҳамчунин сардабири нашрияи “Ганҷи Ворух” буд, ки дар ин авохир номаш ба “Ганҷи Исфара” иваз шуд.

Додохони Эгамзод, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, “абадӣ гардонидани ному хотираи ин рӯзноманигори соҳибкасбу соҳибқалам боис ба дастгирӣ аст. Ман дар ин бора пурра тарафдор ҳастам. Ба ман гуфтанд, ки Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистӣ ҳам ҷоизае таъсис додааст. Барояш офарин мехонам. Боз фикр мекунам, ки барояш чӣ корҳои хотирмонеро анҷом додан мумкин аст, чунки арзанда аст."

Ин рӯзноманигори тоҷик дар 51-солагӣ даргузашт. Табибон бемории ӯро “норасоии кори дилу рагҳо” гуфтанд, вале баъзе аз дӯстонаш мегӯянд, аз дарди ҷигар низ ранҷ мекашид. Аз вай чаҳор фарзанд монд.

Мӯъҷиза Тешаева, модари Иқбол Тешаев, гуфт, “беморӣ дошту ба табобат ҳеч тан надод. Додараш аз Русия занг зада, зиёд хоҳиш кард, ки дар Зумрад табобат гиред, ёрӣ мекунем. Чӣ фикре карду розӣ нашуд. Коре шуд, ки бачаамро барвақт аз даст додам."

Марги сухангӯйи ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон дар ҳолест, ки зимни баҳсҳои марзӣ номи Ворух вирди забонҳо гаштааст. Иқбол Тешаев низ яке аз ширкатдорони ин баҳсҳо буд.

Гузориши видеоиро аз Ворух дар инҷо бинед:

Видоъ бо хабарнигори зиндаёд Иқбол Тешаев дар Ворух
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

XS
SM
MD
LG