Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби демократи Тоҷикистон изҳороти Тошиев дар бораи Ворухро "шитобзада" хонд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома мавқеи худро доир ба мавзуи мушкилоти марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва изҳороти ахири раиси КДАМ-и Қирғизистон баён кард.

Чанд руз пеш раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ҷазирақаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳарчанд то ба ҳол ба ин изҳороти Тошиев ба таври расмӣ посух надоданд, аммо он дар дохили кишвар вокунишҳоеро ба миён овард.

Дар муроҷиатномаи Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки рӯзи 5-уми апрел дар сафҳаи "Фейсбук"-и раиси ин ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода нашр шуд, изҳороти Тошиев дар бораи иваз кардани Ворух, "бемаврид" ва "бебунёд" хонда шудааст.

Ҳизби демократи Тоҷикистон дар муроҷиатномаи худ гуфтааст, ки "ин масъала бо тундгуфторӣ, рафтори ношоиста ва хулосабарории нодуруст" ҳал намешавад. Бинобар ин, ҲДМ ин пешниҳоди Тошиев ва расонаӣ кардани онро як "шитобзадагӣ" донистааст.

Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳамзамон умедворӣ кардааст, ки ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тариқи гуфтугӯ ин мушкилро ҳал хоҳанд кард.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале 504 километр сарҳад солҳост, ки таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва гоҳ гоҳ сабаби печидагӣ дар муносибатҳои ду тараф мешавад.

XS
SM
MD
LG