Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати баҳорӣ. "Хидматпулӣ" маълум нест, "шикор" давом дорад, "ихтиёриён бештаранд"


Мақомоти Исфара гуфтанд, гуруҳи бузурги ҷавононро ба артиш фиристоданд. Акс аз "Ховар"
Мақомоти Исфара гуфтанд, гуруҳи бузурги ҷавононро ба артиш фиристоданд. Акс аз "Ховар"

Рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон бар асоси қонуни нав "Дар бораи хидмати ҳарбӣ" оғоз шуд, вале мақомот ҳанӯз нархи ба артиш нарафтанро эълон накардаанд. Дар Вазорати мудофиа гуфтанд, ба зудӣ ба ин масъала нуқта мегузоранд.

Рӯзи панҷшанбе мақомот дар чанд ноҳия, аз ҷумла Рашту Тоҷикобод ва Нуробод гуфтанд, нақшаи гусели ҷавононро ба артиш иҷро карданд ва аксари онҳо ихтиёрӣ ҳастанд. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ, гуфт, бар асоси маълумоти гирифтаи онҳо то 19-уми март ҳудуди 70 дарсади ҷавононе, ки ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб мешаванд, омода буданд.

Ин дар ҳолест, ки як сокини шаҳри Ваҳдат иддао дорад, писари беморашро маҷбуран ба хидмат бурдаанд. Ба гуфтаи Абдувоҳид Юсуфов, писари 19-солааш бемории "гепатити С" дорад, вале "кормандони комиссариати ҳарбӣ талаб карданд, ки ба хидмат равад. Ба хона чаҳор кас рафт, масъаларо фаҳмондам. Нафаҳмиданд. Маълумотномаи тиббиро нишон додам, касе гӯш намекунад."

Юсуфов мегӯяд, агар писараш солим бошад, мухолифи рафтанаш ба артиш нест. "Вале бачаҳои беморро ба куҷо мебаранд? Онҳо чӣ хидмат карда метавонанд? Ҳамаашон дар "госпитал" хоб мераванд, моро ҳимоят карда наметавонанд", -- гуфт ӯ.

Дар гузашта мақомот мавридҳои ҷалби маҷбурии ҷавононро ба артиш тасдиқ мекарданд, вале солҳои охир мегӯянд, сафи ихтиёриён ва ё довталабон афзудааст. Дар мавриди қазияи Абдуҳамид Юсуфов ҳанӯз ибрози назар накардаанд.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад.

Вакилони порлумон дар охири моҳи январи имсол тарҳи нави қонун дар бораи хидмати ҳарбиро қабул карданд. Бино бар он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов
Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Қонуне, ки мухолифони ҳукумат дар хориҷа иддао доранд, ки ҳанӯз ҳафт сол пеш намояндагонашон дар порлумон пешниҳод кардаву вале он замон қабул нашуда буд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, як масъули ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар Аврупо қарор дорад, дар номае ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии тарҳи онҳо "пешгирӣ аз "облава", решакан кардани ришваситонӣ зимни даъват ба артиш ва таъмини беҳтари шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин, гузоштани қадамҳои аввалин ба самти ташкили артиши касбӣ” буд.

Вай афзуд: "ҳарчанд тарҳи ҳукумат баъди 7 сол аз замони пешниҳоди лоиҳаи ҲНИТ матраҳ шудааст, мисли дигар лоиҳаҳои ҳукумат норӯшан ва аҳдофаш номушаххас ба назар мерасад. Ин лоиҳа низ ба нафъи доираҳои худии ҳукумат мебошад, на ҳамаи миллат."

Бархе аз сокинон мегӯянд, дар бораи тарҳҳои мухталиф чизе намедонанд, вале мунтазири он ҳастанд, ки маблағи халосӣ аз артиш ва тартиби пардохти он зудтар маълум шавад.

Фаридун Маҳмадализода
Фаридун Маҳмадализода

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиа, рӯзи 1-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: "Феълан ҳама чиз муайян шудааст, аммо баъд аз имзо шудани қарори ҳукумат метавонад дастрасӣ омма гардад. Шахсоне, ки тибқи талаботи нави қонун дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ хизмат мекунанд, рӯихат карда мешаванд. Онҳо дар ҳоли ҳозир ба хизмати ҳарбии яксола ҷалб намешаванд."

Мақомот мегӯянд, интизор меравад, то охири моҳи апрел даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ пурра анҷом шавад. Аммо баъзе аз ҳуқуқшиносон аз мушкилии дигар ҳушдор медиҳанд. Онҳо мегӯянд, бар ивази пул ва хидмати якмоҳа ба ҳайати эҳтиётӣ ворид шудани ҷавонон, мумкин аст, “фасодро бештар кунад".

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ, ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, бадрафторӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “сарбозшикор” бурдани ҷавонон ба артиш низ расонаӣ мешавад.

Се нуктаи муҳим:

Ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.
Магистрантҳо ва аспирантҳо, ба фарқ аз солҳои қаблӣ, "имтиёз" надоранд. Мувофиқи қонуни пешина, онҳо ҳаққи ба таъхир гузоштани хидмати сарбозиро ҳангоми таҳсил доштанд. Мақомот мегӯянд бар асоси тарҳи нав танҳо ҷавононе, ки дар риштаи докторантура таҳсил мекунанд, аз хизмат озод ҳастанд.
Минбаъд танҳо шахсоне ба ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, мубориза бо коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳарбӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG