Рахнагарони интернетӣ аз Русия ба чанд ҳазор номаҳои Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дастрасӣ пайдо кардаанд. Ин номаҳо ба Бюрои умури Аврупо, Авруосиё ва Бюрои умури Осиёи Шарқӣ марбут аст.
Рахнагарон мумкин аст, аз Русия ва бо Кремл иртибот дошта бошанд. Дар ин бора маҷаллаи Politico бо такя ба манобеаш дар Конгресси Амрико хабар додааст.
Ба иттилои маҷалла, дар 10 соли ахир ин дувумин дуздии муваффақонаи номаҳои Департамент аз сӯи рахнагарони Русия аст.
Пештар номаҳои дипломатии Амрико дар сомонаи WikiLeaks нашр шуданд, ки манобеи бешуморе гуфтанд, ин номаҳоро мумкин аст, мақомоти иктишофии Русия ба WikiLeaks дода бошанд. Русия ин иттиҳомро рад мекунад.
Ба иттилои Politico, дуздии ахири номаҳо соли гузашта рух дода, аммо дар бораи он ҳамакнун иттилоъ расидааст. Мақомоти расмӣ ва сафорати Русия ин мавзуъро ҳанӯз шарҳ надодаанд.
Миёнаҳои моҳи декабри соли 2020 хабар расид, ки ниҳодҳои давлатии ИМА мавриди ҳамлаи густардаи рахнагарӣ қарор гирифтаанд. Аммо маълум нест, ки дастрасӣ ба номаҳо маҳз он замон ҳосил шудааст ва ё замони дигар.