Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Авесто": Тоҷикистон дар ду моҳ ба Афғонистон ба маблағи 7 миллион доллар барқ додааст


Нирӯгоҳи Роғун
Нирӯгоҳи Роғун

Тоҷикистон дар ду моҳи аввали имсол аз ҳисоби содироти нерӯи барқ ба хориҷа беш аз 7 миллион доллар даромад гирифтааст.

Хабаргузории “Авесто” навишт, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, “нисбатан бештар аст”. Мақомоти марбута дар бораи барқи фурӯхташуда ба кишварҳои ҳамсоя маълумот надодаанд. Танҳо зикр гардидааст, ки нерӯи барқ ба Афғонистон содирот шудааст.

Қаблан ширкати “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои барқрасони Афғонистону Узбекистон барои интиқоли нерӯи барқ дар соли ҷорӣ созишнома имзо карда буд. Интизор меравад, то поёни соли 2021 аз Тоҷикистон ба хориҷа беш аз 3 миллирад киловатт-соат нерӯи барқ содирот гардад.

Содироти барқ ба хориҷа дар ҳолест, ки дар деҳаҳои Тоҷикистон ҳанӯз лимити барқ бекор нашудааст. Баъзе аз корбарони сомонаи Радиои Озодӣ менависанд, нерӯи барқ соати 11-и шаб қатъ мешавад.

XS
SM
MD
LG