Намояндагони Белорус аз ҳаққи ширкат дар озмуни мусиқии "Евровидение-2021", ки нимаи моҳи май дар Роттердами Ҳоланд бояд баргузор шавад, маҳрум шудаанд.
Дар ин бора рӯзи 26-уми март созмондиҳандагони озмун хабар доданд.
Созмондиҳандагони озмун гуфтанд, суруде, ки Кумитаи радио ва телевизиони Беларус барои озмун пешниҳод карда буд, мазмуни сиёсӣ дошт ва онҳо аз мақомот хостанд, сурудро иваз кунанд.
Ба гуфтаи онҳо, мақомоти Беларус ба дархости онҳо посух надод ва барои иваз кардани суруд низ иқдом накарданд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагони озмун, суруди "Ман туро меомӯзонам"-и гуруҳи "Галасы ЗМеста" мазмуни сиёсӣ дошт.
Озмуни "Евровидение" ҳар сол баргузор мешавад ва кишварҳои қораи Аврупо барои ширкат дар он намояндаҳои худро аз тариқи озмун интихоб карда мефиристанд.
Бори аввал дар таърихи ин озмун Русияро Манижа Сангин, зодаи Тоҷикистон намояндагӣ хоҳад кард.