Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Зарина Ҳабибова ба худкушии ӯ бовар надоранд, додситонӣ таҳқиқ мекунад


Хонаводаи шавҳараш гуфтаанд, Зарина Раҷабова худкушӣ кардааст
Хонаводаи шавҳараш гуфтаанд, Зарина Раҷабова худкушӣ кардааст

Як зани 25-сола дар деҳаи Тегрмии ноҳияи Нурообод худкушӣ кардааст. Зарина Ҳабибова модари ду фарзанд буда, ба иддаои пайвандони шавҳараш, дар дохили хона худро ба дор овехтааст, вале волидонаш ба ин фарзия бовар надоранд. Дар Додситонии ноҳияи Нуробод гуфтанд, қазияро таҳқиқ доранд.

Бародари Зарина Ҳабибова рӯзи 25-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз ин ҳодиса "миёни ӯ ва пайвандони шавҳараш ҷангу нофаҳмӣ рух додааст. Пас аз ин, ӯ ба хонаи аммаам рафтааст. Хусураш (падари шавҳар) ӯро боз ба хона мебарад, вале шавҳараш телефонӣ аз Русия талоқ медиҳад."

Тасдиқи дурустии ин иддао феълан аз манобеи дигар ғайриимкон аст. Дар Додситонии ноҳияи Нуробод рӯзи 25-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рух додани ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтанд, аз рӯйи ҳодиса тафтишот идома дорад ва аз баёни ҷузъиёт худдорӣ варзиданд.

Бародари Ҳабибова гуфт, пас аз он ки аз ҷудо шудани хоҳарашон огоҳ шуданд, як узви оиларо фиристоданд, то ӯро ба хонаи волидон биорад. Ӯ, ки аз шаҳри Иркутски Русия бо Радиои Озодӣ дар тамос буд, гуфт, тақрибан ним соат пеш аз ҳодиса бо хоҳараш суҳбати телефонӣ дошт.

"Соати 14:25 (21-уми март) бо вақти Тоҷикистон бо ӯ суҳбат доштам. Баъд аз ман хоҳари дигарам бо ӯ суҳбат кардааст, аммо вақте бародарам соати 15:15 ба хонаи ӯ мерасад, ҷасадашро дар оғил меёбад", -- афзуд ӯ.

Хонаводаи шавҳари Зарина Ҳабибова иддао карданд, ки ӯ худкушӣ кардааст.

Дар як наворе, ки корбарон ба Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса фиристоданд, наздикони ӯ ҳалқаи дор ва баландии сақфи биноро нишон дода, мепурсанд, чӣ гуна дар ин боми паст ва ресмоне, ки то миёни кас мерасад, зан тавонистааст худро ба дор овезад.

Ҷасади Зарина Ҳабибоваро рӯзи 22-юми март дафн кардаанд.

Худкушии занон дар Тоҷикистон солҳои охир рӯ ба афзоиш аст. Мақомоти вилояти Суғд соли 2020 эълон карданд, ки дар ду соли охир 44 зан бо сабаби хушунати хонаводагӣ қасд ба ҷони худ кардаанд. Сабаби чунин рафтори занонро ба “бадрафторӣ аз ҷониби шавҳару хушдоманҳо” рабт доданд.

Дар пайи ин ҳодисаҳо баъзе аз шавҳарон ва хушдоманҳову як падарарӯс ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

XS
SM
MD
LG