Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

55 доллар барои "Sputnik V". Фурӯши озоди ваксина дар дорухонаҳо баҳс барангехт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Покистон ба ширкатҳои хусусӣ ва шахсони алоҳида барои ворид кардани ваксинаҳои зидди коронавирус иҷозат додаанд. Ин тасмим нигарониҳоро дар мавриди афзоиши фасод ва эҷоди нобаробарии иҷтимоӣ ба вуҷуд овард.

Ба Покистон аллакай ваксинаҳои сохти русии “Sputnik V”-ро бо ҳадафи фурӯш ворид кардаанд. Матбуоти маҳаллӣ навишт, ки Идораи танзими дорувори Покистон нархи 2 воя ё дозаи ваксинаи мазкурро тахминан 55 доллар муқаррар кардааст.

Мақомот гуфтанд, нархе, ки дар матбуот зикр шуд, ниҳоӣ нест ва аз қарори ҳукумат барои иҷозаи фурӯши озоди ваксинаҳо ҳимоят намуданд. Ба андешаи онҳо, дар шароите, ки кишвар бо мавҷи афзояндаи гирифторӣ ба коронавирус рӯ ба рӯст, имкони харидани озоди ваксина метавонад, боис ба ҳифзи саломатии мардум шавад.

Дар Покистон 220 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва дар навбати аввал пизишкон ва сокинони аз 60-сола боло бо ваксинаи чинии Sinopharm эм карда мешаванд. Ба Покистон 1 миллион дона чунин ваксина ворид карда шудааст.

Чаро дар Покистон дигар ба вирус аҳамият намедиҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Хабарнигори покистонӣ Наҷам Сетҳӣ дар саҳифаи худ дар Твиттер рӯзи 23-юми март навишт: “Ин чӣ гап аст? Sputnik дар Ҳинд бо 10 доллар ва дар Покистон аз 50 то 100 доллар фурӯхта мешавад”. Ин хабарнигор мисли бисёре аз мардум, ки ба мавзуъ нигоҳи интиқодӣ доранд, гуфтааст: “Чаро ҳукумати Покистон ваксинаҳоро бепул ворид ва тақсим намекунад?”

Дар як нома ба унвонии нахуствазир Имрон Хон созмони Шаффофияти Байналмилалии Покистон гуфт, ҳукуматҳои дигар дар саросари ҷаҳон “ваксинаҳоро бепул дар миёни мардум тақсим мекунанд. Ин масъулияти давлат аст”.

Ин созмони зидди фасод мегӯяд, имкони ба фурӯши озод гузоштани ваксинаҳо “дарро барои фасоду ришват боз мекунад”, чун баъзе одамон талош хоҳанд кард, ваксинаҳои ройгонро низ бо роҳҳои пинҳонӣ ба фурӯш гузоранд. “Пеш аз ҳама, муассисаҳои тиббии хусусӣ барои ба даст овардани даромади ҳангуфт талош хоҳанд кард, ба ин кор даст зананд”, -- гуфтаанд дар ин созмон.

Баҳси атрофи ваксинаҳо дар ҳолест, ки ба иттилои Бахши покистонии Радиои Озодӣ, мақомоти маориф қарор кардаанд, дар қисме аз қаламравҳои кишвар мактабҳоро то 11-уми апрел бубанданд.

Шафқат Маҳмуд, вазири маориф, рӯзи чоршанбе дар як нишаст дар Исломобод гуфт, дар ин муддат тамоми мактабҳо, аз ҷумла, донишгоҳҳову мадрасаҳо дар Исломобод, 10 ноҳияи минтақаи Хайбар Пахтунхва ва нӯҳ ноҳияи вилояти Панҷоб баста мешаванд.

Мавридҳои афзояндаи сирояти коронавирус дар ҳафтаҳои охир дар вилоятҳои Хайбар Пахтунхва ва Панҷоб сабт шуда, дар Синду Кашмири таҳти назорати Покистон нисбатан поин мемонад.

То рӯзи 24-уми март дар Покистон беш аз 637 ҳазор нафар ба коронавирус олуда шуда, наздик ба 14 ҳазор кас ҷон додаанд. Дар як шабонарӯзи гузашта дар Покистон бемории беш аз 3,3 ҳазор кас тасдиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG