Дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми март маросими эмкунӣ ба зидди коронавируси нав оғоз шуд. Бархӯрд бо татбиқи ваксинаи "Астразенека" яксон нест. Мақомоти Тоҷикистон онро санҷидашуда ва барои ҳифзи саломатӣ муҳим медонанд, аммо баъзе аз сокинон мегӯянд, дар мавриди бехатар буданаш дудила ҳастанд. Тоҷикистон то кунун 190 ҳазор воя ё доза ваксинаи "Астразенека" гирифтааст.
Осама Маккавӣ, раҳбари Намояндагии Бунёди кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, аввалин шуда, дар бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе ваксинаи "AstraZeneca"-ро гирифт. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ин иқдомаш хост, нишон диҳад, ки "ин навъи ваксина зиён надорад."
Пас аз ӯ, вазири тандурустӣ, ду муовинаш ва масъулони дигари бахши тандурустии кишвар низ ваксина гирифтанд. Вазири тандурустӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода, ба Радиои Озодӣ гуфт, эмкунӣ ба зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон "барои ҳифзи саломатӣ ҳатмӣ аст". Ӯ афзуд: "Дар ҳама минтақаҳои кишвар барои ваксиназанӣ 3 ҳазор нуқта ташкил шудааст."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Гирифтани ваксина дар Тоҷикистон ихтиёрӣ ва ройгон мебошад.
Дар пайи нашри хабарҳо аз маросими ваксинзанӣ дар Тоҷикистон, баҳси то куҷо бехатар будани он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, доғ шуд. Баъзе аз корбарон гуфтаанд, истифодаи AstraZeneca дар бахше аз кишварҳои аврупоӣ манъ шуд, аммо чаро Тоҷикистон дар ин кор шитоб дорад. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба амн будани ваксина таъкид дорад.
Корбаре бо номи Ахтар дар Фейсбук гуфтааст, "ваксина тавассути Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва давлат омадааст ва ба ҳамаи талабот ҷавобгӯ аст."
Бозор Шарифзода, сокини ноҳияи Шамсуддин Шоҳин, мегӯяд, дар бораи AstraZeneca маълумоти кофӣ надорад ва афзуд, "аввал мехоҳам бидонам, ки ин худаш чӣ аст, то куҷо ба саломатиямон зарар надорад, баъд як фикр мекунем."
Мақомот мегӯянд, барои фаҳмондани моҳияти ваксина ва бехатар буданаш маъракаи таблиғотиро ба роҳ мондаанд.
Номи AstraZeneca ҳафтаи гузашта дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор гирифт. Як қатор кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, баъд аз хабарҳо дар бораи лахташавии хуни баъзе афроде, ки ин ваксинаро дарёфт кардаанд, аз истифодаи ин ваксина муваққатан даст мекашанд. Вале худи ин ширкат ва ҳам Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) гуфтанд, далели мустақими лахташавии хуни муштариён баъд аз қабули ваксинаи AstraZeneca вуҷуд надорад.
Айни замон мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои харидани ваксинаҳои дигар, аз ҷумла "Спутник V" аз Русия, музокирот доранд. Кишвар дарёфти ваксинаи Pfizer-ро рад кардааст, чун ба гуфтаи мақомот шароити нигоҳ доштанашро надоранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 22-юми март, қарореро ба имзо расонд ва ваксинзаниро ба зидди бемории COVID-19 оғоз бахшид. Дар қарор омадааст, "иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад."
Бар асоси ин қарор, ниҳодҳои гуногун вазифадор шудаанд, ки дар раванди ваксинзанӣ ба Вазорати тандурустӣ кумак кунанд ва вазорат баъд аз 15 рӯзи ҳар марҳила ба ҳукумат гузориш бидиҳад.
Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ, чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз ҳама ин табақаи афрод ваксина ба зидди бемориро мегиранд:
- Кормандони соҳаи тандурустӣ
- Бахшҳои стратегии хоҷагии халқ
- Сокинони аз 60-сола боло
- Шахсони гирифтории бемориҳои музмини ғайрисироятӣ
- Кормандони соҳаи маориф ва илм.
Ҳукумати Тоҷикистон як моҳ пештар эълон кард, ки коронавируси нав дар кишвар аз байн рафтааст. Ин вирус то кунун, ба гуфтаи масъулони Вазорати тандурустӣ, 13308 нафарро ба бемории СОVID-19 гирифтор карда, 90 нафарро куштааст. Оморе, ки иддае ба дурустияш шубҳа доранд ва миқёси бемориву талафот аз онро бештар аз рақамҳои эълоншуда медонанд.