Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоишҳо дар ИМА фоидаовар будани ваксинаи AstraZeneca-ро таъйид кард


Ваксинаи AstraZeneca.
Ваксинаи AstraZeneca.

Ширкати муштараки дорусозии Бритониё ва Шведсия AstraZeneca гуфт, ки як озмоиши иловагие, ки дар ИМА анҷом шудааст, фоидаовар будани ин ваксинаро дар сатҳи 79 дарсад муайян намуд.

Дар таҳқиқоти ахири амрикоиҳо 30 ҳазор ихтиёрӣ иштирок кардааст. 70 дар сади онҳо худи ваксина ва сеякашон платсебои ваксинаро қабул карданд. Платсебо як бахши озмоишҳои тиббӣ аст, ки на истифодаи худи маводи дорувор, балки мояи ҷойивазкунандаи онро дар назар мегирад.

Ширкати AstraZeneca дар як изҳороташ рӯзи 22-юми март навишт, ки озмоишҳои нав собит намуд, ки фоиданокии ин ваксина дар пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирус 79 дарсадро ташкил дода, дар 100 фоизи ҳолатҳо барои гирифтор нашудани инсон ба бемориҳои сангини дигар ва бистаришавӣ дар беморхонаҳо муфид будааст.

Дар изҳорот омадааст, муҳаққиқон дарёфтанд, ки фоиданокии ваксина барои афроди ҳама синну сол, аз ҷумла, 80 фоизи пиронсолон тасдиқ шудааст. Энн Фолси, профессори Пажӯҳишгоҳи тиббии Донишгоҳи Рочестер ва яке аз раҳбарони озмоиш дар изҳороте навишт, "ин натиҷаҳо бори дигар хулосаҳои озмоишҳои пешинаро тасдиқ мекунад ва шодиовар ин аст, ки бори аввал собит шуд, ки фоиданокии он барои афроди аз 65-сола боло ҳам ҳамингуна хуб будааст".

Фолси афзуд, ки натиҷаҳои ин санҷиш иҷоза медиҳад, ки ваксинаи AstraZeneca ба муқобили COVID-19 ҳамчун як ваксинаи зарурии иловагӣ барои афроди ҳама синну сол машварат дода шавад.

Айни замон, гуфта мешавад, ки бо вуҷуди дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи Оксфорд таҳия шудани воксинаи AstraZeneca ва тасдиқ шудани он дар 50 давлати ҷаҳон, дар дохили ИМА ҳанӯз онро барои эмкунии аҳолии маҳаллӣ иҷоза надодаанд.

Исми AstraZeneca ҳафтаи гузашта дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор гирифт. Як қатор кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, ки баъди хабарҳо дар бораи лахташавии хуни бархе афроде, ки ин воксинаро дарёфт кардаанд, тасмим шуд, ки аз истифодаи ин ваксина муваққатан даст мекашанд. Вале худи ин ширкат ва ҳам Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гуфтанд, ки далели мустақими лахташавии хуни муштариён баъди қабули воксинаи AstraZeneca вуҷуд надорад.

Ин масъала рӯзи 18-уми март дар як нишасти матбуотии мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон ва ҳам раҳбарияти дафтари СҶТ ва UNICEF дар Душанбе матраҳ шуд ва масъулини тоҷик гуфтанд, ки дар ин кишвар аз ваксинаи AstraZeneca даст намекашанд. Даар ин нишасти хабарӣ Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ дар ҷамъи журналистон гуфт, то ҳол оғози санаи эмкунӣ дақиқ нест, вале Тоҷикистон маъракаро бо татбиқи AstraZeneca оғоз мебахшад. "Тоҷикистон вазъи вобаста ба AstraZeneca-ро пайгирӣ дорад. Кишвар аз ин ваксина даст намекашад. Гузарондани ваксина ихтиёрӣ ва бепул хоҳад буд”, - гуфт Ализода.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ваксина дар чаҳорчӯби барномаи ёрӣ ба кишварҳои нодори COVAX -и СҶТ ба кишвар тақдим мешавад ва то ҳол 192 ҳазор воя ё доза ваксинаи AstraZeneca дар ихтиёри Тоҷикистон гузошта шудааст. Ин бахше аз 20 дарсад ваксинаи зарурӣ барои Тоҷикистон аст, ки ройгон тақдим хоҳад шуд. Боқӣ ваксинаҳоро Тоҷикистон бояд бо пул бихарад. Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки баъд аз шурӯи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон, вазъи шахсони эмгирифта зери назорат гирифта мешавад. Дар маҷмӯъ қарор аст ба Тоҷикистон беш за 700 ҳазор вояи воксинаи AstraZeneca интиқол дода шавад.

Ваксинаи AstraZeneca дар қиёс бо дигар ваксинаҳои то ҳол тасдиқшуда нархи арзонтар дошта, шароити нигаҳдориаш ҳам чандон мушкил набудааст. Вале дар ин шароит бархе кормандони тиб дар Тоҷикистон гуфтанд, ки тасмими худро барои қабули ваксинаи AstraZeneca ниҳоӣ накардаанд, чунки аз паёмадҳои манфии он андеша доранд.

Ҳоло бовар меравад, ки таҳқиқоти муҳаққиқони амрикоӣ барои барқарор кардани бовариву эътимод ба воксинаи AstraZeneca дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG