Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистону Қирғизистон ба кушодани марз даъват доранд


Баъзе аз сокинони Тоҷикистону Қирғизистон ба кушодани марзи ду кишвар даъват доранд. Яке мегӯяд, наздиконашро пазмон шудааст ва дигаре барои овардани молу маҳсулот ночор аст. Мақомот гуфтанд, ҳанӯз санаи дақиқи боз кардани сарҳадҳоро намедонанд.

Зиндагӣ дар миёни ду кишвар

Абдулаҳад Қурбонов сокини ноҳияи Соқулуқи вилояти Чуйи Қирғизистон аст. Ӯ соли 1995 ба Қирғизистон кӯчидааст, вале дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) дар Тоҷикистон таваллуд шудаву ними умрро дар онҷо гузарондааст.

Зодагони ин ноҳия тақрибан дар ҳамаи вилоятҳои Қирғизистон ба сар мебаранд. Бештари онҳо то баста шудани марз дар ду кишвар мезистанд, аммо ҳамагирии коронавирус ба зиндагии онҳо таъсир кард. "Тақрибан аз ҳар як ҷиргатолӣ писар ё духтар ё модар ва ё кадом як хеши наздикаш дар Қирғизистон зиндагӣ мекунад. Вақте касе бемор мешавад, тӯй дорад ё мефавтад, наметавонем, ба хонаи якдигар равем", -- мегӯяд Қурбонов.

Ба қавли ӯ, онҳое низ ҳастанд, ки тавассути вилояти Бодканд марзро мегузаранд, "вале барои ин зарур будааст, ки пул бидиҳӣ ва ин имконро на ҳама доранд".

Таъсир ба тиҷорат

Гузаргоҳҳо дар марзи Қирғистону Тоҷикистон аз оғози моҳи марти соли 2020 бастаанд. Дар сурати ба даст овардани санадҳои махсус, ки сабаби сафарро асоснок мекунад, шаҳрвандон ба кишварҳои якдигар рафта метавонанд. Аз нороҳатиҳои баста будани гузаргоҳҳои сарҳадӣ на танҳо қирғизистониҳо шикоят мекунанд.

Дӯконе дар бозори "Дордой"
Дӯконе дар бозори "Дордой"

Расул, сокини Душанбе, дар бозори “Корвон” савдо мекунад, вале молро аз бозори “Дордой”-и Бишкек мехарад. “Аллакай як сол аст, ки ҳеч наметавонем ба Қирғизистон биравем. Маҷбур мешавем, пулро ба Бишкек фиристем ва аз он ҷо ҳамкорон бор фиристанд. На ҳама вақт он чизеро, ки мехоҳем, дастрас мекунем, вале чораи дигар нест”, -- шикоят мекунад ин соҳибкори тоҷик.

Миёни Душанбеву Бишкек агар мусофири кофӣ пайдо шавад, дар як моҳ як парвози чартерӣ анҷом мешавад. Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, нархи билети ин парвоз ду баробар гаронтар аз парвозҳои муқаррариянд ва барои пур шудани мусофирон дуру дароз бояд мутазир монд. Аз ин рӯ, барои бисёриҳо манфиатовар нест.

Музокироти паси дарҳои баста

Бино ба иттилои маъмурияти вилояти Бодканд, рӯзи 16-уми март дар дидори намояндаи ваколатдори ин вилоят Омурбек Суваналиев бо роҳбари вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, бояд масъалаи боз шудани гузаргоҳҳои “Кулунду” ва “Қарағоч” баррасӣ мешуд, аммо аз натиҷаи он хабари расмӣ нашр нашуд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “масъалаи боз шудани марзҳо дар ҳоли баррасист ва аз вазъи беҳдоштӣ дар ҳар ду кишвар вобаста хоҳад буд”.

Гуфтушуниди ҳайатҳо паси дарҳои баста дар шаҳри Гулистон гузашт
Гуфтушуниди ҳайатҳо паси дарҳои баста дар шаҳри Гулистон гузашт

Ҷузъиёти музокироти байнидавлатӣ, ки рӯзҳои 16-17-уми март дар шаҳри Гулистони Тоҷикистон баргузор шуд, ба ҷомеа дастрас нашуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 13-14-уми март 7 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар ҳудуди Тоҷикистон барои нақзи убури сарҳад боздошт шуда буданд, ба хонаҳояшон баргаштанд. Пештар аз ин, рӯзҳои 23 ва 26-уми феврал, панҷ шаҳрванди дигари Қирғизистон баргашта буданд. Додгоҳ дар Тоҷикистон онҳоро ба супурдани ҷарима муваззаф карда буд.

Айни замон дар Бодканд бо иттиҳоми ғайриқонунӣ гузаштани марз 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошт қарор доранд. Сухангӯйи намояндаи ваколатдор дар вилояти Бодканд, Чолпон Бердиқулова, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи онҳоро ба Додгоҳи ноҳияи Лайлак фиристоданд шуд ва рӯзҳои наздик бояд ҳукм содир шавад.

XS
SM
MD
LG