Финландия соли чаҳорум аст, ки пайиҳам хушбахттарин кишвари ҷаҳон шинохта мешавад. Ин мавзуъ дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзи 19-уми март ва пас аз як соли паҳншавии коронавирус нашр шуд, зикр гардидааст. Гузориши ҷаҳонии хушҳолӣ дар натиҷаи пурсиши созмони Галлап тартиб ёфта, дар он аз шаҳрвандони кишварҳои гуногун пурсидаанд, то чӣ ҳад худро хушҳол ҳис мекунанд. Шохисҳое, ки дар ин маврид ба онҳо ишора шудааст, аз ҷумла даромади нохолиси миллӣ бар сари аҳолӣ, ҳадди миёнаи умр, озодӣ, фасоди идорӣ дар ҳукуматҳо ва тиҷорат мебошад. Ба даҳ кишвари хушҳоли дунё Денмарку Шветсия, Исландия, Ҳолланд, Олмону Норвегия, Швейтсария, Люксембург, Зеландияи Нав ва Австрия низ дохиланд. Дар ин рӯйхат аз миёни 149 кишвар, Тоҷикистон дар қатори 78-ум, Руандаву Зимбабве ва Афғонистон дар қатори охир ҷой гирифтаанд.