Бо вуҷуди баҳсҳо дар бораи то куҷо амну бехатар будани AstraZeneca, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки аз истифодаи ин навъи ваксина худдорӣ намекунанд.
Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ, рӯзи 18-уми март дар нишасти матбуотӣ гуфт, то ҳол оғози эмкунӣ дақиқ нест, вале Тоҷикистон маъракаро бо татбиқи AstraZeneca оғоз мебахшад. "Тоҷикистон вазъи вобаста ба AstraZeneca-ро пайгирӣ дорад. Кишвар аз ин ваксина даст намекашад. Гузарондани ваксина ихтиёрӣ ва бепул хоҳад буд”, -- афзуд ӯ.
“Дар як ҷой наистодаем”
Тоҷикистон то кунун аз хориҷа 192 ҳазор воя ё доза ваксинаи AstraZeneca дарёфт кардааст. Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар посух ба нигарониҳо дар бораи ин ваксина гуфт, баъд аз оғози эмгузаронӣ дар Тоҷикистон, вазъи шахсони эмгирифта зери назорат гирифта мешавад.
Ализода, инчунин, гуфт, кишвар 20 дарсади ваксинаи заруриро дар доираи барномаи COVAX дарёфт карда, боқии ваксинаро бояд харидорӣ кунад. Ин мансабдори вазорат гуфт, талош доранд аз ваксинаҳои русӣ ва чинии зидди коронавирус ҳам харидорӣ кунанд.
“Беш аз 40 дарсади аҳолӣ мемонад, ки мо барои фарогирии онҳо низ ба ваксина кор бурда истодаем. Барои харидани ваксинаи кишварҳои дигар низ талош дорем. Инҳо вксинаҳои истеҳсоли Русия ва Чин ҳастанд. Барои дастрас кардани онҳо Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд ба мо мадад мекунанд. Мо дар ҷоямон наистодаем ва тамоми талошро дорем, ки онҳоро харидорӣ кунем”, -- шарҳ дод муовини вазири тандурустӣ.
Пештар низ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, гуфта буд барои гирифтани ваксинаи “Спутник V” бо Русия гуфтугӯ доранд. Тибқи иттилои мақомот, Чин ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон пешниҳод кардааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
“Спутник” оё ҷанбаи сиёсӣ гирифтааст?
Ваксинаҳои русӣ ва чинӣ ба зидди коронавирус, ки Тоҷикистон қасди харидани онҳоро дорад, ҳанӯз аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пурра эътироф нашудаанд ва дар марҳилаи санҷиш қарор доранд. Мавзӯи сабти ваксинаи “Спутник V” баҳси гармеро миёни хабарнигорон ва намояндагони СҶТ дар Душабе ба миён овард.
Хабарнигорони расонаҳои Русия дар Тоҷикистон аз намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пурсиданд, ки оё масъалаи сабти ваксинаи русӣ ҷанбаи сиёсӣ дорад? Виктор Олшавский, намояндаи СҶТ дар Тоҷикистон, гуфт: “Ин ваксина (Спутник)-ро танқид намекунем. Танҳо ба ваксина баҳо медиҳем. Натанҳо ваксинаҳои “Синовакс” ва “Спутник”, балки дигар ваксинаҳое низ ҳастанд, ки дар ҷараёни баҳодиҳӣ ҳастанд. Вақте онҳо аз баҳодиҳӣ гузаштанд, ба онҳо иҷозат дода мешавад.”
Дар ҳамин ҳол, Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ, гуфт, Тоҷикистон ваксинаи "Pfizer"-ро харидорӣ намекунад, чун ба гуфтаи ӯ, шароити нигоҳдории ин навъи ваксина мушкил аст ва он бояд дар шароити зери 80 дараҷа сардӣ (-80) нигоҳдорӣ шавад. Ҳол он ки муовини вазир гуфт, анборҳои нигоҳдории ваксина дар Тоҷикистон чунин шароитро надоранд.
Масъулини вазорати тандурустӣ гуфтанд, дар кишвар 7 макон барои нигоҳдории ваксинаҳо ташкил шудааст. Дар ин маконҳо феълан ваксинаи AstraZeneca дар шароити аз 2 то 8 дараҷа нигоҳдорӣ мешавад.
Баҳси AstraZeneca дар ҷаҳон
Тоҷикистон дар ҳоле ваксинаи AstraZeneca-ро қабул мекунад, ки баҳси то куҷо бехатар будани ин ваксина дар ҷаҳон бахусус кишварҳои аврупоӣ давом дорад. Ҳарчанд Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва худи ширкати AstraZeneca ба бехатар будани он таъкид кардаанд, чандин кишвари аврупоӣ истифодаи онро муваққатан боздоштанд.
Нигаронии ин кишварҳо ба монанди Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҳолланд, Ҷумҳурии Ирланд, Булғористон ва Австрия дар он аст, ки дар чанд ҳолат шахсоне, ки ваксинаи AstraZeneca-ро қабул карданд, ба лахташавии хун рубарӯ шуданд.
Ваксинаи AstraZeneca, ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Оксфорд тавлид шуд, яке аз аввалин ваксинаҳо ба зидди коронавирус буд. Бино бар арзон будан ва шароити нигаҳдории оддӣ, ба суръат ба яке аз пурмасрафтарин доруҳои зидди коронавирус табдил ёфт.