Шаҳрвандони Қирғизистон, ки пештар дар Тоҷикистон боздошт шуда буданд, ба ватан баргаштаанд. Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Бодканд хабар медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, панҷ сокини вилояти Бодканд ва ду сокини шаҳри Ӯш, ки дар убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон айбдор мешуданд, рӯзҳои 13 ва 14 март ба хонаҳояшон баргаштанд. Пештар ду сокини боздоштшудаи шаҳри Бишкек низ баргашта буданд. Масъулони ҳукумати вилояти Бодканд мегӯяд, шаҳрвандони Қирғизистон барои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон ҷарима шудаанд.
Аз ин пеш, баъди гуфтугӯи намояндагони ду кишвар дар рӯзи 23 феврал се сокини ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки бо гумони убури ғайриқонунии марз дар Тоҷикистон боздошт шуда буданд, баъди гирифтани ҳушдор ба хонаҳояшон баргаштанд.
Дар ҳоли ҳозир 15 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони убури ғайриқонунии марз дар вилояти Бодканди Қирғизистон дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, тоҷикистониҳои дастгиршуда бар асоси қонунгузории Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Интизор меравад, раҳбарони вилоятҳои Бодканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон -- Омурбек Суваналиев ва Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳам мулоқот карда, масъалаи боз кардани гузаргоҳи марзии "Кулунду" ва "Кайрагач"-ро, ки дар пайи пандемия баста шудаанд, баррасӣ кунанд.