Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воксинаи AstraZeneca дар қаламравҳои ҳарчи бештар боздошта мешавад


Тифлис, воксинаи AstraZeneca дар истифодаи як муассисаи тиббии маҳаллӣ
Тифлис, воксинаи AstraZeneca дар истифодаи як муассисаи тиббии маҳаллӣ

Баъди он ки хабарҳо аз лахташавии хун дар ҷисми бархе муштариён паҳн шуд, шумори кишварҳое, ки аз истифодаи муваққатии воксинаи AstraZeneca ба муқобили COVID-19 даст мекашанд, афзоиш ёфт. Ҳолланд ба сафи Ирландия, Дания, Норвегия, Булғористон ва Тайланд пайваст шуд, ки баъди хабарҳо аз хатари лахташавии хуни бархе эмшудаҳо тасмим гирифтанд ин воксинаро аз истифода боздоранд. Ҳолланд гуфт, ки қарораш бар пояи гузоришҳо аз Дания ва Норвегия гирифта шудааст, ки лахташавии хунро ҳамчун як таъсири паҳлӯӣ ё ғайримустақими воксина ба организми инсон арзёбӣ мекунанд. Ҳукумати Ҳолланд гуфт, ки қарори боздошта шудани истифодаи воксинаи мазкур “ба хотири эҳтиёт аст” ва ҳадди аққал то 29-уми март идома мекунад. Мақомоти беҳдоштии Норвегия гуфтанд, ки дар ҷисми се корманди тиббие, ки воксина гирифтанд, хунравӣ, лахташавии хун ва коҳиши хун мушоҳида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Ню-Йорк маросими поси хотири қурбониёни коронавирус дар назди Филармония баргузор шуд. Дар давоми як соли пандемияи коронавирус танҳо дар шаҳри Ню-Йорк 30 ҳазор нафар қурбон шуд ва, ба гуфтаи шаҳрдор Билл де Блазио, ин шумор бештар назар ба ҳамаи қурбониҳо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, ҷанги Ветнам, тӯфони Сенди ва ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 мебошад.

Зимнан ҳафтаи гузашта Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX-и Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca-и сохташуда дар Ҳиндустонро дастрас кард. Қарор аст, Тоҷикистон дар доираи ин барнома 700 ҳазор донна ваксинаро ройгон дастрас кунад. Дар ҳоле, ки мақомоти чанд кишвар бехатарии ин ваксинаро зери шубҳа мегузоранд, мақомоти тоҷик дар ин замина ҳанӯз вокунише накардаанд.

XS
SM
MD
LG