Гарон шудани нархи бензин ва ҳамзамон камчинии oн дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигар ронандагонро нигарон кардааст.
Нархи як литр бензин, ки дар аввали моҳи март 7 сомониву 20 дирам буд, акнун ба 8 сомониву 80 дирам ва дар баъзе минтақаҳо ба зиёда аз 9 сомонӣ расидааст. Агар иддае гаронии нархи сӯзишвориро кори дасти монополистони соҳа медонанд, масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтанд, "болоравии нарх бесабаб нест" ва ба як тасмими Қазоқистон рабт доданд.
Ронандагон дар Душанбе гуфтанд, бо вуҷуд гарон шудани нарх, ёфтани бензин на дар ҳама нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ имконпазир ҳаст. Неъматулло Ҳикматуллоев, як ронандаи мошини боркаш, гуфт, "нархи як литр бензин қариб ба як доллар расид. Дар Тоҷикистон қимати сӯзишворӣ зуд боло меравад, аммо ҳамагӣ 10 ё 20 дирам арзон мешаваду бас."
Бино ба мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, рӯзи 12-уми март дар чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бензини навъи 92, ки дар Тоҷикистон серистифода аст, камчин шудааст. Моликони чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ навиштаи “Бензин нест”-ро часпондаанд. Ронандаҳо гуфтанд, дар баъзе аз нуқтаҳои дигар фурӯши бензин маҳдуд шуда, ба як ронанда аз 20 литр зиёд намедиҳанд.
Наворро бинед:
Масъулони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар суҳбатҳои бидуни микрофон гуфтанд, чаҳор рӯз аст, бензин камчин шудааст ва далелашро ба ворид нашудани ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар пайванд доданд. Як ҳамсуҳбати мо гуфт: “Дар корхонаҳои истеҳсоли нафт дар Қазоқистон, ки сӯзишворӣ аз ҳамон кишвар ба Тоҷикистон меояд, таъмир ҷараён дорад. Бино бар ин, чунин вазъият пеш омадааст.”
Дар Хадамоти зиддининҳисории Тоҷикистон мегӯянд, дар се моҳи аввали имсол нархи бензину газ ва сӯзишвории дизелӣ ба таври ҷиддӣ боло рафтааст. Раҷабалӣ Маҳсиддинзода, масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби афзоиши нарх дар воридоти маҳсулоти нафтӣ ин аст, ки Қазоқистон содироти онро кам кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, “то якуми январ агар нархи як литр маводи сӯзишвории дизелӣ шаш сомониро ташкил медод, дар давоми се моҳ 23 дарсад болоравии нарх ба мушоҳида мерасад. Гази моеъ то 13 дарсад гарон шудааст.”
Нашрияҳои қазоқӣ навиштанд, корхонаи тавлиди гази моеъ дар шаҳри Атирауи Қазоқистон, бо далели бозсозии таҷҳизот, фаъолияташро муваққатан боздоштааст. Тоҷикистон 90 дарсад аз гази моеи мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон меорад.
Тибқи омори расмӣ, тақрибан 90 дарсади сӯзишвории мавриди ниёзи Тоҷикистонро аз Қазоқистон меоранд. Моликони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, ҳоло маҷбур шудаанд, аз Русия бензин биёранд, ки ба гуфтаи онҳо харҷи бештар дорад ва ин ба нархи бензин дар кишвар бетаъсир намемонад.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфта буд, Русия соли 2021 ба кишвар 830 ҳазор тонна сӯзишворӣ, аз ҷумла бензинро бе боҷи гумрукӣ интиқол хоҳад дод.
Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка, мегирад. Ба иттилои расмӣ, соли 2020 ба кишвар 234 ҳазор тонна бензин ва 298 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст.
Тиҷорати сӯзишворӣ ба уҳдаи чанд ширкат, аз ҷумла "Газпронефт Тоҷикистон" аст, ки аз онҳо монополисти соҳа ном мебаранд. Дар гузашта дар ин феҳрист номи "Фароз", ширкати мутааллиқ ба домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ зикр мешуд, ки ҳоло ба иддаои масъулонаш "барҳам хӯрдааст", вале корхонаҳои марбут ба он ба кори худ идома медиҳанд.