Аз се як ҳиссаи масирҳои ҷаҳонгардӣ ба таври пурра баста шудаанд. Ин нуктаро бунгоҳи марбут ба Созмони Милали Муттаҳид эълон кард ва гуфт, ҳамагирии COVID-19 ба рушди сайёҳӣ дар ҷаҳон зарбаи шадид зад.
Ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Туризм (UNWTO), дар оғози моҳи феврал аз 217 масири ҷаҳонгардӣ 69-то ё 32 дарсади онҳо комилан баста шуд. Аз ин шумор 30 макон дар Осиё ва Уқёнуси Ором, 15 масир дар Аврупо ва 11 ҷой дар Африқо будаанд.
Ин ниҳод меафзояд, қарори ҳукуматҳо ба бастани марзҳо ва талаби доштани санҷиши манфии коронавирус ба коҳиши туризм сабаб гаштаанд. Ҳамзамон Созмони Ҷаҳонии Туризм мегӯяд, вазъи умумӣ назар ба соли гузашта беҳтар аст.
Дар моҳи майи соли 2020 75 ва дар моҳи ноябри он сол 27 дарсади саёҳатҳо қатъ гашта буданд. Ба ин сабаб UNWTO соли 2020-ро “бадтарин сол барои ҷаҳонгардӣ” унвон карда буд.
Ҳамагирии коронавируси нав дар соли 2020 ба соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон 1,3 триллион доллар зиён расонд, ки назар ба давраи буҳрони ҷаҳонии молиявӣ 11 баробар бештар буд. Аммо "маҳдудиятҳо коҳиш меёбанд ва раванди ҷаҳонгардӣ аз сар гирифта мешавад", -- мегӯяд раиси UNWTO Зураб Полиликашвилӣ ва бовар дорад, ки риштаи сайёҳӣ аз нав рушд хоҳад кард.