Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистону Тоҷикистон табодули шаҳрвандони боздоштшударо баррасӣ карданд


Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бодканд.
Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бодканд.

Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рӯзи 22-юми феврал вохӯрии намояндагони мақомоти маҳаллӣ, додситонӣ, пулис ва марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар Бодканд Омурбек Суваналиев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ҷонибҳо дар вохӯрӣ табодули шаҳрвандони боздоштшудаи ду кишварро баррасӣ карданд. Ба навиштаи бахши Қирғизии Радиои Озодӣ, феълан дар Қирғизистон 15 ва дар Тоҷикистон 9 шаҳрванди Қирғизистон дар боздошт қарор доранд.

"Гуфтугӯҳо баргузор шуданд. Мо натиҷаҳоро мунтазир ҳастем. Ин масъалае нест, ки зуд ҳал шавад. Барои ҳалли баъзе аз масоил дар марз бояд аз дипломатҳо низ истифода шавад", - гуфт ӯ.

Вохӯрӣ бо дархости ҷониби Қирғизистон баргузор шудааст.

Дар назди бинои ҳукумати Бодканд 22-юми феврал як гуруҳи сокинони маҳаллӣ ҷамъ шуда, аз мақомот талаб карданд, ки дар раҳоии наздикони боздоштшудаашон дар Тоҷикистон мусоидат кунанд. Ба гуфтаи онҳо, аз аввали соли равон марзбонони тоҷик беш аз 20 шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони убури ғайриқонунии марз дастгир кардаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 22-юми феврал иттилоъ дод, хабари гаравгонгирии як шаҳрванди он кишвар, гӯё аз сӯи мақомоти Тоҷикистон, дурӯғ ё фейк аст.

Ба иттилои КДАМ-и Қирғизистон, рӯзи 16 феврал 5 шаҳрванди Қирғизистон барои вайрон кардани марзи давлатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон боздошт шуданд. Ин шаҳрвандон ҳангоми интиқоли 900 кг металл, 2 сар гов ва 3 сар моли майда боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG