Маъмурияти зиндони сеи шаҳри Хуҷанд гуфт, маҳбусе, ки дар куштори ошиқи духтараш муттаҳам аст, фақат ду дарсади товонеро пардохтааст, ки додгоҳ муайян карда буд.
Ҳодиса панҷ сол пеш рух дод ва додгоҳ ба ин мард амр дод, ба волидони писар 105 ҳазор сомонӣ ҷуброни моддиву маънавӣ пардозад. Волидони ҷавони кушташуда аз кашолкорӣ дар пардохти ҷуброн шикоят доранд. Аммо наздикони фарди маҳкумшуда мегӯянд, ки онҳо низ аз ин ҳодиса осеби моддӣ ва низ маънавӣ дидаанд.
Баҳори соли 2015 додгоҳи шаҳри Исфара Бадриддин Шарофов, сокини ҷамоати Чоркӯҳро барои куштори Ҳизбаллоҳ Басирҷонзодаи 19-сола, ки бо духтари ӯ дӯстӣ дошта ва мехостааст издивоҷ кунад, ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Куштор рӯзи 7 январи ҳамон сол дар хонаи Бадриддин Шарофов иттифоқ афтод. Додгоҳ Бадриддин Шарофовро аз озодӣ маҳрум карда ва ба хонаводаи ӯ амр дод, 105 ҳазор сомонӣ ҷубронро бипардозанд. Наздикони ҷавони кушташуда мегуянд, аз ин маблағ як қисми ночизашро ба даст овардаанд.
Видеои қиссаи падару модари Ҳизбаллоҳ инҷост.
Ба иттиллои дарёфтии Радиои Озодӣ, аз маъмурияти зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд, бо гузашти панҷ сол аз марги Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода, марди маҳкумшуда ҳамагӣ ду дарсад ё 2430 сомонӣ ҷуброн пардохт кардааст. Маъмурияти зиндон дар як муроҷиати шифоҳӣ гуфтаанд: “Маҳкумшуда Бадриддин Шаропов ба кор ҷалб шуд ва аз ҳисоби музди кораш 2430 сомонӣ ба нафъи шаҳрванд Басирҷон Зарифов рӯёнида шудааст”. Волидони ҷавон мегӯянд, бо вуҷуди он ки дар қарори додгоҳ муҳлати пардохти ҷуброн муайян нашудааст, аммо гунаҳкор бояд товонро бипардозад.
Басирҷон Зарипов, падари ҷавони кушташуда рузи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ду маротиба ҳудуди 2400 сомонӣ дастрас кардааст. Вай мегӯяд, қотили писарашро тобистони соли гузашта бар асоси Қонуни афв раҳо карданд, вале пас аз шикояти хонаводаи онҳо, дубора зиндонӣ карданд.
Басирҷон Зарипов афзуд: “Соли гузашта рӯзи иди Қурбон афв шуда, баромад. Қурбонӣ карда, меҳмонҳои зиёдеро ба хонааш даъват кард. Агар ҳамон вақт меомаду мегуфт, ки узр ва ду писаре, ки дорам, бигзор якеаш мисли писарат бошад ва дар вақтҳои лозимӣ ба ту кумак кунад, ман тамоми гуноҳи ӯро мебахшидам. Аммо ин корро накард ва афваш ҳам ғайриқонунӣ буд. Баъди шикояти мо дубора ба зиндон рафт ва ҳоло адои ҷазоро идома медиҳад.”
Додгоҳ ё маъмурияти зиндон дар бораи кашолкории пардохти товон изҳори назар накарданд, аммо як манбаи огоҳ аз қазия гуфт, Бадриддин Шарофов моҳи декабри соли 2016 ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят кардааст, ки товонро пардохта наметавонад. Додгоҳ шикоятро рад кардааст.
Шавкат Раҷабов, тағои Бадриддин Шарофов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷиянаш дар зиндон ба кори кафшергарӣ машғул аст ва аз ҳисоби маошаш ҷубронро пардохта истодааст. Ӯ иддаои ҷониби ҷабрдидаро дар ин бора, ки Шарофов соҳиби амволи зиёд аст, рад кард.
"Ӯ фақат ду замин дорад, ки аз ду писараш аст. Шумо медонед, ки замин моликияти давлат аст ва фурӯхта намешавад. Аз тарафи дигар, пеш аз ин, ки чунин ҳодиса рух диҳад, ба ҷониби дигар гуфта буд, ки духтарашро доданӣ нест ва беҳуда хостгор нафиристад. Агар писари ӯ ҳам фавтида бошад, духтари ин одам ҳам беобрӯ шуд",-афзуд Раҷабов.
Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ раҳо шудани Бадриддин Шарофовро дар тобистони соли гузашта тасдиқ кард ва гуфт, ки ӯ панҷ солро дар зиндон сипарӣ кард ва бар асоси қонуни афв низ қисме аз ҳукми зиндонаш камтар шуда буд ва аз ин хотир, ӯро бо қарори додгоҳ шартан аз зиндон озод карда буданд.
Мушкили пардохти ҷуброни моддиву маънавӣ
Волидони ҷавон иддао доранд, ки Бадриддин Шарофов соҳиби чанд замини наздиҳавлигӣ ва мошинолот аст ва бояд аз ҳисоби фуруши амволи ҷуброни ӯро пардозанд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, рӯёнидани зарари маънавӣ ва моддӣ дар Тоҷикистон бисёр кам иттифоқ меафтад, чун як қисми аҳолӣ нодор ва камбизоат аст ва ҷои кори доимӣ ва маоши доимӣ надоранд. Ба гуфтаи онҳо, дар айни замон, зиндонҳои Тоҷикистон мисли замони шуравӣ шароите надоранд, ки маҳбусонро бо кори дуруст таъмин кунанд.
Гузашта аз ин муҳлате барои пардохти ҷуброн муайян нашудааст ва дар ҳар сурат нафари муттаҳам бояд онро пардозад. Шокирҷон Ҳакимов доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ мегӯяд, бо вуҷуди он ки дар пардохти товон бо таъхир сурат мегирад, аммо бар асоси қонун ҳеч гоҳ он бекор карда намешавад: “Агар ҷониби гунаҳкор адои ҷазо карда озод, ё афв шавад, ин ба пардохти ҷуброн ҳеҷ рабте намегирад. Агар то замони озод шудан аз маҳбас ва пайдо кардани ҷои кори муносиб, ӯ як миқдор ҷуброни зарарро пардохт карда бошад, бояд боқимондаи онро ҳам ҳатман пардозад”.
Ҳуқуқшинос афзуд, ҷониби ҷабрдида ҳақ дорад, дар ҳолати кашолкорӣ дар пардохти товон ба маъмурони иҷрои амри додгоҳ ва додситонӣ шикоят барад. Басирҷон Зарифов, падари Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода мегӯяд, беш аз сад ҳазор сомонӣ писари ӯро аз он дунё барнамегардонад ва ба захмҳои қалбаш низ шифо намебахшад. Аммо ӯ намехоҳад, ба осонӣ аз гуноҳи тарафи ҷавобгар бигузарад.