Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёриҳо, ислоҳот ва баҳо ба интихоботҳо дар ҳамоиши Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон


Aвгусто Санто Силва, вазири умури хориҷии Португалия
Aвгусто Санто Силва, вазири умури хориҷии Португалия

Дар ҳамоиши маҷозии Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Тоҷикистон номгӯйи фарохи робитаҳои ду ҷониб, аз кӯмакҳои аҳди COVID-19 гирифта, то вазъи ҳуқуқи инсону интихоботи порлумонӣ ва президентии Тоҷикистон ва ислоҳоти қонунгузориҳо дар ин кишвар баррасӣ шуданд. Ба иллати вазъи ҳамагирии корона дар Аврупо ин нишаст бо пайванди видеоӣ байни Душанбе, Брюссел ва Лиссабон баргузор шуд.

Ҷаласаи рӯзи 19-уми февралро аз Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва аз ҷониби Аврупо – Аугушто Сантос Силва, вазири умури хориҷии Португалия раҳбарӣ карданд.

Кӯмакҳои ИА дар давраи пандемия

Мақомоти тоҷик дар ин ҷаласа аз Иттиҳоди Аврупо барои кӯмаки молиаш дар давраи бӯҳрони коронавирус сипосгузорӣ намуданд. Бино бар изҳороти Комиссиюни Аврупо, соли 2020 ИА ба Тоҷикистон 112 миллион доллар ёрӣ кардааст, ки ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф равона шудаандва Барномаи сабти асноди шаҳрвандӣ, инчунин барои коҳиши оқибатҳои бади коронавирус барои вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон равона шудаанд.

Инчунин, маблағи 46,4 миллион евро ҳамчун кӯмаки иловагӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷа дар давраи пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ҳуқуқи башар ва ҷомеаи маданӣ

Дар ҳамоиш масъалаҳои мудирият, ҳуқуқи башар ва тақвияти ҷомеаи шаҳрвандиро низ баррасӣ шудаанд. Ҳарду ҷониб таъсири пандемияи COVID-19-ро ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои идоракунӣ, озодиҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон, вазъи иқтисодӣ ва осебпазирии иҷтимоиро баҳогузорӣ карданд, то Иттиҳоди Аврупо дурнамо ва ҳадафҳои ҳамкориҳои рушдро барои ҳалли эҳтиёҷоти муҳимтар ва омилҳои хавф мутобиқ созад.

ИА бо такя ба гузоришҳои ниҳоии ҳайатҳои САҲА/ДИДҲБ оид ба арзёбии интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2020 аз Тоҷикистон даъват кард, ки эътибори дастовардҳоро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, аз ҷумла иштироки сиёсӣ баланд бардорад. Фазои умумии ду интихобот: парлумонӣ ва президентӣ дар соли 2020 дар ин гузоришҳо танқид шудааст. Гуфта мешавад, ин маъракаҳои сиёсӣ ба эҷоди як ҳукумати худкома ва фазои маҳдуди сиёсии бидуни оппозитсия сабаб гаштаанд. Ҳамонгуна, ки интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамчун ноозод ва хилоф бо меъёрҳои демократӣ ва набуди алтернативаи воқеӣ интиқод шудааст, интихоботи президентии 11 октябр ҳам дар гузориши ҳайати САҲА/ДИДҲБ ё OSCE/ODIHR “бидуни алтернативаи воқеӣ” номида шуд. Аз ҷумла, дар гузорише, ки 29 январи соли 2021 дар робита бо интихоботи президентии Тоҷикистон нашр шудааст, гуфта мешавад:

“Интихоботи президентӣ таҳти назорати шадиди мақомоти давлатӣ баргузор шуд ва фазои интихоботӣ баёнгари маҳдудиятҳои дарозмуддати ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдӣ, аз ҷумла, озодии маҷлис, бан, матбуот, озору пахши садои мухолифон баргузор шуд”. Дар хулосаи OSCE/ODIHR омадааст, ки “барои овоздиҳандагон ҳеч як алтернативаи воқеӣ пешниҳод нашуд” ва “қонун президенти феълиро дар мавқеи бартариятдошта нисбат ба дигар номзадҳо гузошта буд”.

Талошҳои мусбат, талаби ислоҳот бар ивази GSP+

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

ИА аз нақши Тоҷикистон дар талоши кӯмак дар барқарории сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя ва нақши “созандааш дар СММ дар масоили дипломатияи об ва тағйри иқлим” истиқбол кардааст. Инчунин Брюссел аз ҷараёни ислоҳот дар бархе аз соҳаҳо, аз ҷумла, машваратҳо дар доираи Кодекси нави андоз ҳимоят карда, ба зарурати пешрафт дар фазои соҳибкорӣ ва ҷалби сармояҳо таъкид намудааст.

Дар нишасти ИА ва Тоҷикистон 19 феврал инчунин аз талошҳои Тоҷикистон барои ҷорӣ кардани муҷозот дар Кодекси ҷиноӣ дар заминаи хушунати хонаводӣ истиқбол шуд. Ин масъала яке аз доғтарин мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон ва бино ба арзёбиҳои Human Rights Watch дар соли 2019, “аз ҳар панҷ зан дар Тоҷикистон як нафараш хушунат мебинад”.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки дар сурати пешрафти Тоҷикистон “дар ҳалли мушкилоти бисёр муҳим” ин кишвар метавонад ба барномаи имтиёзноки Иттиҳоди Аврупо бо номи GSP+ пазируфта шавад.

GSP+ чист?

Коршиноси тоҷик Абдумалик Қодиров мегӯяд, аз дидгоҳи ӯ ҳамин масъала дар нишасти ахир калидӣ будааст. Ӯ гуфт, “шартҳои дастрасии Тоҷикистон ба имконоти GSP+ ё худ Низоми умумии имтиёзҳо ҳангоми содир кардани молу коло ба кишварҳои аврупоӣ” - механизми содаест, ки мегӯяд: “агар Тоҷикистон мехоҳад, ки фоида гирад, пас ҳукумати он бояд ба ҳуқуқи шаҳрвандонаш эҳтиром гузорад, бо фасодкорӣ муборизаи беамон барад, шароит барои соҳибкориро беҳ кунад. Вале савол ин ҷост, ки то куҷо ҳукумати Тоҷикистон қодир аст дар амал ин шартҳоро пиёда созад (дар коғаз, албатта, ҳама чиз иҷрошаванда аст). Махсусан дар самти риояи ҳуқуқи инсон, озод кардани маҳбусҳои сиёсӣ, муборизаи воқеӣ бо фасодкорӣ. Оё хостаҳои роҳбарияти кишвар барои беҳсозии муҳити соҳибкорӣ метавонад муқобилияти шадиди лашкари фасодкоронро шикаст диҳад? Таърихи то ба имрӯзи Тоҷикистон ба ин савол ҷавоби манфӣ медиҳад”, -- гуфт Абдумалик Қодиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 18 феврал.

Нобоварии аврупоиҳо

Ба андешаи ин таҳлилгар, эҳсос мешавад, ки солҳои охир дипломатҳои аврупоӣ назар ба гузашта ҳоло ба ваъдаҳои мақомоти Тоҷикистон “камтар бовар мекунанд”. Абдумалик Қодиров гуфт: “Дар аввал бовар ҳам мекарданд (мантиқи аврупоиҳо ин аст, ки намояндаи расмии ҳукумат наметавонад дурӯғ гӯяд). Алҳол камтар бовар мекунанд. Вале новобаста ба ин, мехоҳанд, ки Тоҷикистон ислоҳотро давом диҳад ва ба ин хотир муколамаҳоро давом дода истодаанд. Ва танҳо аз худи Тоҷикистон вобаста аст, ки аз ин имконоти хуб истифода кунад ё на».

Сироҷиддин Муҳриддин ва Августо Санто Силва дар Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупову Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин ва Августо Санто Силва дар Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупову Тоҷикистон

Як дипломати аврупоӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳо “минбари баррасиҳои умумии ҳама барномаҳои ҳамкории миёни ду ҷониб – аз ҷомеаи маданӣ, ҳуқуқи башар, амнияту кишоварзӣ сар карда то обу соҳибкориро дар бар мегирад”. Ӯ гуфт, ин ҷо ба таври ҷудогона кадом масоили ҳассосе баррасӣ намешавад ва бештар дар маҷмӯъ стратегияи кори ду ҷониб “аз рӯзи 80 тарҳи амалкунандаи байни ду тараф матраҳ мешавад”. Ӯ гуфт, ин ҷаласа рӯзи 19 феврал се соат идома кард ва одатан чунин ҳамоишҳо соле се дафъа дар сатҳи вазирони хориҷаи ду тараф баргузор мешавад. Иттиҳоди Аврупо як шарики муҳими Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ буда, дар солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон дар умум 227 миллион евро ёрӣ кардааст, ки ин маблағҳо ба бахшҳои маориф, беҳдошт ва рушди деҳот равона шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз он низ нигаронанд, ки дар Аврупо ҷойи пой пайдо кардани мухолифони сиёсии онҳо метавонад, ба андозаи муайян ақидаи мақомоти Аврупоро нисбати Тоҷикистон зери таъсир қарор диҳад. ИА даъватҳои мақомоти тоҷикро ба террористӣ ва экстремистӣ шинохтани гуруҳҳои мухолиф напазируфтанд, ҳамчунон ки даъватҳои мухолифонро ба ҷорӣ кардани таҳрим нисбати мақомоти Тоҷикистон.

Як мулоқоти дигар

Як рӯз пеш аз ҳамоиши Шӯрои ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон дар Душанбе мулоқоте байни Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва фиристодагони ниҳодҳои марзбонӣ ва муҳоҷирати Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд. Бино бар гузориши хабаргузории давлатии "Ховар" дар ин дидор С. Ятимов таваҷҷуҳи намояндагони Аврупоро "ба фаъолияти тахрибии ТТЭ (Ташкилоти Террористӣ ва Экстремистӣ --"Озодӣ") собиқ ҲНИ ҷалб намуда, таъкид сохт, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиорҳои дуруғин, баҳонаҳои бофта, бо ҳуҷҷатҳои қалбакиву сохта дар кишварҳои аврупоӣ соҳиби мақоми паноҳандагӣ шуданианд."

Манбаъ меафзояд, тарафи аврупоӣ бо далелҳое таъмин карда шуд ва созиш ҳосил гардид, ки раванди баргардонии шаҳрвандони Тоҷикистон аз ИА ба Тоҷикистон вусъат дода шавад. Намояндагони ИА ин мавзуъро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG