Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси худсариву қонуншиканӣ дар байни милисаҳо дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Озодӣ Онлайн

Озодӣ Онлайни имрӯз дар бораи садамаи маргборест, ки ба гуфтаи мақомот бо айби як майори милиса сурат гирифт ва дар натиҷаи он се ҷавон ҳалок шуданд. Садамаи нақлиётӣ рӯзи 11-уми феврал дар як гӯшаи Душанбе, дар назди корхонаи истеҳсоли Семент рух додааст.

Вазорати корҳои дохилӣ, гуфт, Султонҷон Султонов, сардори шуъбаи кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзобро, ки бо мошини "Тойота"-аш бо суръати баланд ҳаракат карда ва ба мошини муқобил бархӯрдааст, дастгир шуд ва бояд барои рафтораш ҷавоб гӯяд.

Гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ба маҳалли садама рафт, дигарбора баҳсро дар бораи рафтори худи ҳомиёни тартиботу қонун ва бахусус кормандони милиса барангехт. Бисёре аз корбарон гуфтаанд, беэътиноӣ ба қоидаҳои ронандагӣ, ҳаракат бо суръати баланд ва беэҳтиромӣ ба қонун дар байни кормандони мақомоти интизомӣ як кори оддӣ шудааст.

Корбаре бо номи "Инсон ва Одам" шарҳеро дар вебсайти мо зери гузориш дар бораи садамаи маргбор навиштааст, "бисёр ва беҳад зиёданд, ба ном милисаҳо, ё кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки масту аласт ва худсарӣ карда мегарданд, лекин тағо доранд. Мардуми бегуноҳ дар роҳҳо кушта мешаванд. Инҳо чӣ гуна, сардор шуда кор мекунанд?".

Баҳси худсариву қонуншиканӣ дар байни милисаҳо дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

Корбари дигаре бо номи Тошбибӣ Асимсо дар саҳифаи "Инстаграмм"-и Радиои Озодӣ навиштааст, ки кормандони милиса фақат аз мардум риояти қонуну қоидаҳоро талаб мекунанд, вале барои худашон қонуну қоида арзишу аҳамияте надорад.

Ӯ мегӯяд, "мақомоти умури дохилӣ барои баланд кардани суръати ҳаракат мардумро ҷарима кардаву ҷазо медиҳанд. Худашон ба ягон талаботи қонун ҷавобгӯ нестанд. Баъзеашон ҳатто чӣ будани қоидаҳои ҳаракат ва рондани мошинро намедонанд. Аз маркаи мошинашон маълум аст, киҳоянд ва ман мутмаинам, ки ҳоло ронандаи мошини "Опел"-ро ҷавобгар мекунанд. Инҳо нохоста пахш мекунанд ва бегуноҳ мешинонанд. Вой бар ҳоли халқи бечора".

Яке дигар аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ иддао кардааст, ки худсарӣ дар байни кормандони милиса зиёд аст ва онҳо бо чунин рафторашон мардумро ба дод меоранд. Ӯ навиштааст, ки баъзе аз кормандони милиса дар минтақаҳо дур аз марказ ҳар коре, ки дилашон мехоҳад, мекунанд.

Корбари дигаре бо номи “Шаҳрванд” аз набуди интизом дар миёни кормандони милиса шикоят карда ва гуфтааст, ки гӯё дар Тоҷикистон қонун фақат барои мардуми фақиру бечора аст. Ӯ гуфтааст: “Худашон қоидаҳоро вайрон мекунанд, интизом нест. Қонун барои чаҳор камбағал аст. Кормандони милиса, вазорати корҳои дохилӣ ҳамаашон барои аттестатсия омода шаванд. Ин ҳодисаҳо чанд маротиба такрор мешуда бошад?”

Корбари дигаре бо номи Довурх бо муроҷиат ба мақомоти додгоҳии Тоҷикистон хостааст, ба қазияи онҳое, ки аз мақомашон сӯистифода мебаранд, ҷиддӣ муносибат кунад, то худсарӣ дар байни онҳо кам шавад. Шарҳи кутоҳи Довурх чунин аст: “Ҳамингуна касеро, ки аз мансаб сӯистифода ва ҷиноят содир мекунанд, ҷазои сахт диҳанд, то ба дигарон ибрат шавад.

Дар ин миён яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ гуфтааст, ин худсариву беэътиноии кормандони баландрутбаи милиса ба қонун решаи амиқтар дорад ва ба сиёсати интихобу таъйини кадрҳо ва мудирият дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон бармегардад. Ин корбар, ки худро Барзу муаррифӣ карда ва чунин шарҳеро зери гузориши Радиои Озодӣ дар бораи садамаи маргбор бо ширкати майори милиса дар шаҳри Душанбе гузоштааст:

"Аҳволи кормандони ҳифзи ҳуқуқро бинед. Ин аст, натиҷаи мантиқии хешутаборбозӣ, ҳамшаҳрибозӣ, маҳалгароӣ, қудобозӣ ва ҳоказо, аломатҳои мафкураи феодалии тоҷикони асри 21".

Барзу дуруст мегӯяд, ё сабабҳои қонуншиканӣ дар байни мақомот чизи дигар аст? Шумо ҳам нависед ва ё дар видео сабт карда ба мо фиристед -- бо Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО ва ба телефони +420 607 900 808.

XS
SM
MD
LG