Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Дар Қирғизистон шаш шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд


Вилояти Ботканди Қирғизистон бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст
Вилояти Ботканди Қирғизистон бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст

Матбуоти Қирғизистон бо истинод ба Хадамоти марзбонии худ аз боздошти шаш шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод. Ин хабарҳо рӯзи 16 феврал нашр шуданд, вале маълум нест, ки гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дақиқан кай боздошт шуданд. Боздошти ин гурӯҳ дар ҳолест, ки 10-уми феврал дар ҳудуди ноҳияи Лайлак сарҳадбонони қирғиз аз боздошти 14 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаашон, ғайриқонунӣ ва бесанад вориди хоки ин кишвар шуданд, хабар доданд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошти гурӯҳи навбатии шаҳрвандонаш феълан иттилое нашр намекунанд.

Дар хабарҳои чанд расонаи қирғизӣ рӯзи сешанбе навишта шуд, ки марзбонон дар дидбонгоҳи сарҳадии ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд дар ҳамкорӣ бо КДАМ-и Қирғизистон аз “қочоқи бор” ҷилавгирӣ карданд. Ба навиштаи мақомоти ин кишвар, шаш шаҳрванди Тоҷикистон ва ду мошини борбари навъи Shacman ошкор ва ҳабс шуданд. Ба навиштаи онҳо, гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохили борхалтаҳо селитра – як навъи нуриҳои минералӣ доштнд, ки бештар дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон гӯё лаҳзае боздошт шуданд, ки халтаҳои селитраро ба мошинҳои боркаши дорои рақамҳои давлатии Тоҷикистон бор мекарданд. “КДАМ маълум кард, ки 338 халта селитра бидуни санадҳои иҷозадиҳандаи интиқоли ин бор буд”, гуфтааст Хадамоти марзбонии Қирғизистон. Ҳадафи ниҳоии ин бор – интиқол ба Тоҷикистон будааст. Бор ва соҳибонаш боздошт шудаанд, менависад матбуоти Қирғизистон.

Тасдиқи дурустии ин хабар ва ҷузъиёти нашршуда феълан имкон надорад ва ҳам маълум нест, ки оё худи шаҳрвандони Тоҷикистон иттиҳоми воридшударо эътироф мекунанд ё на. Қочоқи маҳсулот тавассути марзи давлатӣ дар Қирғизистон ҷиноят маҳсуб мешавад.

Ин хабар дар ҳолест, ки сарнавишти 14 шаҳрванди 6 рӯз пеш боздоштшуда дар марзи Қирғизистон норӯшан боқӣ мемонад. Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо зикри ин ки, кормандони сафорати Тоҷикистон ба ин қазия расидагӣ мекунанд, изҳори умедворӣ кард, ки ин қазия “мусбат ҳал мешавад”.

Сироҷиддини Муҳриддин рӯзи 15-уми феврал дар нишасти хабарии солонаи вазорат гуфт: “Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Қарокул дастгир шуданд. Онҳо бо сабаби ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатии Қирғизистон дастгир шудаанд ва аз ноҳияи Ҷайҳун ҳастанд.” Вазир гуфт, сафорати Тоҷикистон дар Бишкек иттилои заруриро дар бораи қазия ба вазорат додаанд ва онҳо корҳои лозимиро барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ба роҳ мондаанд. Сироҷиддини Муҳриддин афзуд: ”Дар ҳама ҳолатҳо мо бо ин кишвар тавонистем, забон ёбем ва ҳуқуқи шаҳрвандонамонро ҳифз намоем. Мо инро пайгирӣ мекунем ва бовар дорем, масъаларо мусбат ҳал мекунем.”

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам низоми раводид надоранд ва шаҳрвандони ҳарду кишвар дар давраи пеш аз пандемия ба хоки ҳамдигар рафтуомад доштанд. Вале бо ин вуҷуд, бо сабаби ҳалношуда мондани масоили марзӣ бо Қирғизисион – яке аз наздиктарин ҳамсояҳои Тоҷикистон, солҳои охир равобити ду ҳамсоя чандон ҳамвор нест. Ҳар сари чанд вақт баҳсҳое сари дастрасӣ ба чарогоҳҳову манбаъҳои об ва замин мояи ихтилофҳои марзӣ мешавад. Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти охирини матбуотии худ изҳори умедворӣ кард, ки раҳбарияти нави Қирғизистон барои беҳбуди равобит талош ба харҷ медиҳад.

XS
SM
MD
LG