Аз сокинони хонаҳои атрофи маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" дар Душанбе хоста шудааст, антенна ё мавҷгирҳои моҳвораиро аз боми бинои зисташон барчинанд.
Сокинон аз суҳбати муфассал дар ин бора метарсанд, вале бархе аз онҳо бе зикри ном гуфтанд, на танҳо огоҳномаи хаттӣ гирифтанд, балки намояндагони ҳукумати шаҳр ва нозирон низ ба наздашон омаданд. Сабаби ин амр расман шарҳ дода нашудааст.
"Бале, моро огоҳ карданд. Чанд рӯз пеш кормандони ҳукумат омада, гуфтанд, фавран бояд антеннаҳо аз боми бино дур карда шаванд", -- гуфт яке аз сокинон бе зикри ном.
Дигаре афзуд: "Дар як хона чанд мавҷгир аст. Ман ба хона телевизиони кабелӣ гузаронидам, аммо шабакаҳои он ба ман чандон писанд нест. Телевизиони кабелӣ шабакаи зиёд надорад. Дар ин ҷо на ба ҳама ин писанд аст."
Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба мақомоти ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт навишт, ки тасмими барчидани мавҷгирҳо аз сӯи шаҳрдори Душанбе гирифта шудааст. Мақомот гуфтаанд, гуё мавҷгирҳо дар боми биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ зебоии манзараи дидашаванда аз маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ"-ро кам мекунанд.
"Аз рӯзе, ки сокинонро огоҳ кардем, бояд мавҷгирҳои худро аз боми бино бармечиданд. Ин дастури раиси шаҳр аст ва бояд иҷро карда шавад", -- гуфтаанд дар мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, Шокирҷон Ҳакимов, соҳибони бино ҳаққи истифодаи боми онро доранд. Аз ҷумла, онҳо метавонанд бомро барои насби мавҷгирҳои худ истифода кунанд. Мақомот, ба гуфтаи ӯ, ҳақ надоранд, барои истифодаи ин нуқта ба онҳо шарт гузоранд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"Тибқи қонун ҳатто агар сокинон ба дастури шаҳрдорӣ розиянд, бояд ба онҳо барои эҷоди нороҳатӣ ҷуброн пардохт шавад ва ё роҳи дигаре барои таъмини онҳо бо шабакаҳои гуногуни телевизионӣ пешниҳод гардад", -- шарҳ дод Ҳакимов.
Ӯ афзуд: "Аз нигоҳи қонунгузорӣ, мо шоҳиди қонуншиканӣ шудем. Зеро соҳиби мавҷгир бо пули худ онро харида, мехоҳад, бо истифода аз манбаъҳои алтернативии иттилоотӣ ниёзҳои фарҳангиву иҷтимоии худро қонеъ кунад. Агар касе тасмим гирифтааст, ин ҳаққи ӯро маҳдуд кунад, нодуруст аст. Севум, агар ҳоло пеши роҳи ин кор гирифта нашавад, метавонад, ба як амали маъмулӣ табдил ёбад."
Маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" бояд то моҳи сентябр ва то ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ба истифода дода шавад. Баландии манораи он ба 121 метр мерасад ва аз он ҷо мешавад тамоми шаҳрро дид.
Мақомот маблағи тарҳи сохтмонро эълон намекунанд. Шояд ин ба вазъи номусоиди иқтисоди кишвар рабт дорад.
Лаълиҳои моҳвораӣ дар боми биноҳои Душанбе. Аксҳо аз бойгонӣ: