Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фононбонк" пурра барҳам мехӯрад, тақдири "Тоҷпромбонк" чӣ мешавад?


Ҳоким Холиқзода
Ҳоким Холиқзода

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, чаҳор бонки дучори мушкил бештари амонатҳои мардумро додаанд. Мизоҷони бонкҳо мегӯянд, ки панҷ сол боз наметавонанд пулҳои гузоштаи худро пас бигиранд. Холиқзода вуҷуди мушкилро тасдиқ кард ва гуфт, бо ин далел ва бо талаби мизоҷон маъмури барҳамдиҳии "Тоҷропмбонк"-ро иваз карданд.

Раиси Бонки миллӣ рӯзи 10-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, аз чаҳор бонки дучори буҳрон, “Фононбонк” то охири моҳи феврал пурра барҳам дода мешавад. Корҳо дар бораи барҳам додани “Тоҷпромбонк” низ, ба гуфтаи Холиқзода, давом дорад.

“Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” моҳи марти соли 2017 аз сӯи Бонки миллӣ муфлис эълон шуда, иҷозатномаи онҳо бозхонд шуда буд. Аз он замон даҳҳо муштарии “Тоҷпромбонк” наметавонанд маблағҳои худро бозпас бигиранд.

Гуруҳи ҳафтнафарии муштариёни норозии "Тоҷпромбонк" рӯзи 27-уми январи имсол барои додхоҳӣ ба назди бинои Бонки миллӣ ва порлумон рафтанд. Он рӯз Солеҳамоҳ Самадова, раиси Шӯрои амонатдорони "Тоҷпромбонк", гуфт, бо гузашти тақрибан чаҳор сол наметавонад беш аз 400 ҳазор сомониашро аз бонк бигирад.

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ, вуҷуди мушкил дар барҳам додани “Тоҷпромбонк”-ро тасдиқ кард ва гуфт, бо талаби ин ниҳод додгоҳ масъули барҳамдиҳии бонкро иваз кардааст. Дар ин бора зиёд ҷузъиёт надод ва танҳо гуфт, дар кори маъмури барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” камбуд ошкор шуд.

Аммо танҳо муштариёни “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” нестанд, ки наздик ба панҷ сол дар гирифтани амонатҳои худ мушкил доранд. Муштариёни зиёди “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ҳам наметавонанд пулҳои худро аз ин ду бонк бозпас бигиранд.

Ҳоким Холиқзода гуфт, мушкил дар он аст, ки бонкҳои дучори мушкил натавонистанд сари вақт дороии худро фурӯшанд. Аммо баъзе аз муштариёни ин бонкҳо мегӯянд, масъулин ба дороиҳои бонк нархи гарон мегузоранд ва дар ниҳоят амвол ба фурӯш намеравад.

Аз ҷумла, чанде аз муштариёни “Тоҷпромбонк” мегӯянд, дар моҳи марти имсол муҳлати бозгардондани амонатҳояшон ба поён мерасад ва кашолкорӣ дар фурӯши амволи бонк онҳоро нигарон кардааст.

Масъулини Бонки миллӣ гуфтанд, аз оғози буҳрони бонкӣ, “Фононбонк” 93, “Тоҷпромбонк” 72, “Тоҷиксодиротбонк” 71 ва “Агроинвестбонк” қариб 50 дарсад пули сокинонро баргардондаанд.

Вале бо ин вуҷуд тибқи омори охири роҳбари Бонки миллӣ ҳанӯз ҳам беш аз як миллиард сомонӣ пули мардум дар чаҳор бонки дучори мушкил дармондааст. Аз ҷумла дар:

  • Фононбонк 5 миллион сомонӣ
  • Тоҷпромбонк 49 миллион сомонӣ
  • Тоҷиксодиротбонк 344 миллион сомонӣ
  • Агроинвестбонк 661,8 миллион сомонӣ.

Бо гузашти панҷ сол аз ҳал нашудани мушкили чаҳор бонки Тоҷикистон интиқодҳо аз низоми бонкӣ ва бахусус Бонки миллӣ зиёд аст.

Коршиносон борҳо роҳбарияти Бонки миллиро ба бемасъулиятӣ айбдор кардаанд, ки натавонистанд саривақт аз буҳрони бонкӣ пешгирӣ кунанд. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ рӯзи 10-уми феврал ба ин интиқодҳо посух дод ва гуфт, аз ҷониби ин ниҳод ҳам дар гузашта шояд камбудҳое сар задааст, аммо худи бонкҳо бояд хатарҳоро пешбинӣ мекарданд.

Сандуқи Байналмилалии Пул борҳо ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро низ барҳам бидиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон дар посух ба тавсияи Сандуқи Байналмилалии Пул гуфт, то замоне ки "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" маблағи амонатгузоронро пардохт накунанд, дар мавриди барҳамдиҳии онҳо тасмим гирифта намешавад.

XS
SM
MD
LG