Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соле 90 кг картошка ба ҳар сар аҳолии Тоҷикистон. Меъёри истеъмол боло рафт


Бозоре дар канори Маскав, соли 2011. Муҳоҷири тоҷик дар холӣ кардани мошини картошка кор мекунад
Бозоре дар канори Маскав, соли 2011. Муҳоҷири тоҷик дар холӣ кардани мошини картошка кор мекунад

Соли 2020 кишоварзони тоҷик 1 миллиону 20 ҳазор тонна картошка истеҳсол кардаанд. Аммо, ба гуфтаи Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, ки дар ин бора рӯзи 9 феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод, “на ҳама аз ин миқдор картошка вориди бозор мешавад, зеро то сеяки ин миқдор картошка барои тухмии ҳосили нав истифода мешавад”. Ба гуфтаи вазир, дар соли ҷорӣ интизор меравад 1 миллиону 400 ҳазор тонна картошка истеҳсол шавад. “Мо умед дорем, ки дар солҳои баъдӣ мо ба кишварҳои минтақа ҳамасола то 300 ҳазор тонна картошка содир мекунем. Дар солҳои гузашта дар бахши картошкапарварӣ изофанависӣ зиёд буд. Имсол қарор гузоштем, ки масъулини вазорат аз рӯзи кишти картошка заминҳои киштшударо назорат мекунанд”, гуфт Сулаймон Зиёзода. Вай афзуд, ки “то соли гузашта тибқи муқаррароти ҳукумат меъёри истеъмоли картошка ба ҳар як сокини кишвар 70 кг дар як сол муайян шуда буд. Дар нимаи соли гузашта Ҳукумати Тоҷикистон ин меъёрро тағйир дод ва ҳамакнун барои ҳар як сокини кишвар 90 кг картошка дар як сол муқаррар шудааст.”

Вазири кишоварзӣ дар ин бора дар доираи нишасти матбуотии сохторҳои давлатӣ сӯҳбат мекард, ки бо дастури президент аз соли 2011 ба таври ҳатмӣ дар як сол ду бора барпо мешавад.
Дар идома вазири кишоварзӣ сабабҳои болоравии нархи тухми мурғ дар кишварро ба воридотӣ будани хӯроки парранда марбут донист. Сулаймон Зиёзода гуфт, дар Тоҷикистон 181 корхонаи парвариши парранда ва истеҳсоли тухм амал мекунад. Аммо бо ин вуҷуд, дар як соли гузашта арзиши тухми мурғ аз 30 то 35 фоийз баланд шудааст. Агар дар моҳи январи соли 2020 як қуттии 30-донагии тухми мурғ 22-24 сомонӣ арзиш дошта бошад, ҳоло бар ивази 34-36 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ба гуфтаи вазир, соли гузашта дар кишвар 983 миллион дона тухми мурғ истеҳсол шудааст. Дар ҳоле ки барои пурра қонеъ кардани ниёзмандиҳои аҳолӣ бояд 1,1 миллиард дона тухм истеҳсол карда шавад. Вазири кишоварзӣ афзуд, онҳо нақша доранд дар баробари он ки аҳолии Тоҷикистонро бо ин маҳсулот пурра таъмин кунанд, ҳамчунин содироти онро ба хориҷа ба роҳ монанд. Бо ин ҳадаф танҳо дар вилояти Хатлон имсол бунёди 11 корхонаи нави паррандапарварӣ дар назар аст. Болоравии нархи тухм ва дигар маҳсулоти хуркворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон моҳи декабри соли 2020 дар Маҷлиси Намояндагон низ матраҳ шуда буд. Он замон низ раиси Хадамоти зиддинҳисорӣ ин тамоюлро ба “омилҳои беруна” рабт дод ва норозигии баъзе вакилонро ба миён овард.

XS
SM
MD
LG