Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии кайҳонии Имороти Муттаҳидаи Араб ба Миррих расид


Нахустин киштии кайҳонии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи сешанбеи 9-уми феврал пас аз ҳафт моҳ тай кардани ҳудуди 494 миллион километр, вориди фазои Миррих шуд, то ҷамъоварӣ ва фиристодани маълумот дар мавриди иқлими ин сайёраро оғоз кунад.

Имороти Муттаҳидаи Араб ҳафтумин кишваре аст, ки фазопаймо ё киштии кайҳонии он ба Миррих мерасад. Фиристодани ин киштии кайҳонӣ бахше аз тарҳҳои ин кишвар барои рушди тавоноиҳои илмиву фаннӣ ва коҳиши вобастагӣ ба нафт аст.

Шайх Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум, ҳокими Дубай ва муовини раиси Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи сешанбе пеш аз ворид шудани ин фазопаймо ба Миррих имкони муваффақ шудани онро 50 дарсад гуфт.

Ӯ гуфта буд, "вале ҳатто агар мо натавонем вориди фазои Миррих шавем, ба як муваффақияти таърихӣ даст ёфтаем. Ин дуртарин нуқтае аст, ки арабҳо дар тӯли таърих ба он расидаанд. Ҳадафи мо ин аст, ки ба ҳама арабҳо ин умедвориро бидиҳем, ки метавонем бо бақияи ҷаҳон рақобат кунем".

Фазопаймои "Умед" бо суръати беш аз 120,000 километр дар соат ба Миррих наздик шуда буд. Ин киштии кайҳонӣ барои ворид шудани ба фазои Миррих бояд бо сӯзонидани ҳудуди 800 килограм аз сӯхти худ суръаташро кам мекард ва дар мадори Миррих қарор мегирифт.

Имсол Имороти Муттаҳидаи Араб панҷоҳумин солгарди истиқлоли худ аз Бритониёро таҷлил мекунад. Фазопаймои ин кишвар дар моҳи июн ба фазо партоб шуд. Пас аз он ду фазопаймои амрикоӣ ва чинӣ низ сафари худро ба сӯи Миррих оғоз карда ва қарор аст дар моҳи феврал ба ин сайёра бирасанд.

Фазопаймои Иморот бо номи "Умед" аз як маркази фазоӣ дар Ҷопон ба фазо партоб шуд ва харҷи ин маъмурият ҳудуди 200 миллион доллар аст. Ин фазопаймо қарор аст барои аввалин бор тасвири комил аз фазои Миррих таҳия ва тағйироти рӯзона ва мавсимии онро баррасӣ кунад.

Имороти Муттаҳидаи Араб нахустин бор дар соли 2014 хабари ин маъмурияти фазоиро эълон кард ва дар соли 2017 барои омӯзиши мутахассисони дохилӣ, барномаи миллиро роҳандозӣ кард.

Маркази фазоии Муҳаммад бин Рошид дар Дубай дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва омӯзшии амрикоӣ фазопаймои "Умед"-ро тарроҳӣ карда ва сохта аст.

XS
SM
MD
LG