Донишмандоне, ки ба Чин рафтанд, то маълум кунанд, ки коронавируси нав аз кадом ҷонвар ба инсон гузаштааст, мегӯянд, ки ба ин ҳадафашон ноил нашуданд.
Ба ақидаи мутахассисон, коронавируси нав, ки то кунун 2.3 миллион нафарро дар саросари ҷаҳон кушт, шояд аз кӯршабпарак ба ҳайвони дигар ва сипас ба инсон сироят карда бошад. Лианг Ванниан, раҳбари ҳайати мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Чин, рӯзи 9-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, “манбаи асосии вирус ҳануз номаълум аст.”
Ӯ афзуд, таҳқиқот нишон додааст, ки вирус “метавонад дар маҳсулоти яхзадае, ки аз масофаи тӯлонӣ оварда шудаанд, вуҷуд дошта бошад”. Ин сухани ӯро ишорае ба фарзияи Чин мешуморанд, ки моҳҳои гузашта ба такрор дар миён мегузошт.
Айни замон Лианг Ванниан гуфт, “ҳеҷ аломате” нест, ки бемории СОVID-19 пеш аз моҳи декабр дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуда бошад. Мақомоти Чин гуфтаанд, ки аввалин мавриди сирояти коронавируси моҳи декабр сабт шудааст. Бен Эмбарак, мутахассиси хориҷии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки дар гузашта ду сол дар Чин кор кардааст, ба дурустии баёнияи ҳамкории чиниаш таъкид карда гуфтааст, ҳеҷ аломате надидаанд, ки қабл аз моҳи декабр беморӣ “дар Вуҳан васеъ хуруҷ карда бошад.”
Маъмурияти таҳқиқи сарчашмаи сирояти коронавируси нав дар Чин як масъалаи буғранҷи дипломатӣ аст, чун баъди он шуруъ шуд, ки Пекинро ба пинҳон доштани ин хуруҷи беморӣ муттаҳам карданд. Амрико талаб дошт, ки сарчашмаи пайдоиши вирус “мӯшикофона” таҳқиқ шавад ва Чин дар посух гуфт, ки масъаларо “сиёсӣ” накунанд.
Пажуҳиш зери назорат
Ҳайати байналмилалии коршиносон, ки ба Чин рафт, зери назорати сахти мақомот кор мекард, хабарнигоронро ҳам аз онҳо дур нигаҳ медоштанд. Бо вуҷуди ин баъзе аз натиҷаҳои кори онҳо дар Твиттер ва мусоҳибаҳо дастраси матбуот мешуд. Ҳайат як моҳ дар Чин буд, вале ду ҳафтаашро дар карантин ва ду ҳафтаи дигарро дар маҳалҳои таҳқиқ сипарӣ карданд.
Азбаски як сол аз замони хуруҷи вирус мегузашт, баъзеҳо мегуфтанд, ки дигар таҳқиқи сарчашмаи аслии беморӣ аҳамият надорад. Дигарон даъвати ҳайатро як талоши Чин барои намоиш додани халос шудани кишвар аз чанголи беморӣ арзёбӣ карданд.
Мутахассисон дар бозори фурӯши гӯшти ҷонварон, ки як сол пеш сирояти вирус аввал дар онҷо сабт шуд, фақат як соат сипарӣ кардаанд. Онҳо ҳамчунин чанд рӯз дар дохили меҳмонхона дар Вуҳан монда ва бидуни берун омадан аз он бо мақомоти Чин мулоқот анҷом медодаанд.
Аммо дар Пажуҳишгоҳи вирусшиносии Вуҳан, суҳбатҳову таҳқиқи тулоние доштаанд. Тақрибан чаҳор соат бо донишмандони чинӣ, аз ҷумла Шӣ Женгли, муовини озмоишгоҳи Вуҳан ва яке аз мутахассисони қавии Чин ва муҳаққиқи коронавирусҳои кӯршабпарак гуфтугу кардаанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико ин фарзияро пайваста такрор мекард, ки шояд вирус аз озмоишгоҳи биологии Вуҳан берун омада бошад. Дар ин озмоишгоҳ донишмандони чинӣ, баъзе аз бемориҳои хатарноктарини дунё, аз ҷумла навъҳои гуногуни коронавируси кӯршабпарак ва монанд ба вируси COVID-19-ро таҳқиқ мекунанд.
Ҳукумати Чин дар аввал интиқодҳо аз амалкардҳои шитобкоронаву бесарусомонаш барои пешгирӣ аз сирояти васеи вирусро беасос хонда рад мекард. Баъдан чораҳои сахте барои пешгирӣ аз сирояти беморӣ андешид ва гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро дар шаҳрҳои чандмиллионнафарӣ қатъ кард.
Коронавируси нав, ки бемории шабеҳи роҳҳои нафас бармеангезад, то кунун ба бештар аз 104 миллион нафар дар саросари ҷаҳон сироят карда, ҷони 2.3 миллион нафарро гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то рӯзи 8-уми феврал дар кишвар бештар аз 13 ҳазор нафар ба COVID-19 гирифтор шудаанд ва аз ин миён 90 нафар ҷон бохтаанд.
Бештар аз ду ҳафта аст, ки вазорати тандурустӣ гузориш медиҳад, ҳеч мавриди нави бемориро сабт накардаанд. Баёнияҳое, ки мутахассисон бовар надоранд ва ҳам мегӯянд, сирояти беморӣ ва талафот аз он дар Тоҷикистон ба маротиб зиёдтар аз он аст, ки вазорат гузориш медиҳад.