Даҳ сокини ноҳияи Хуросонро барои иштирок дар эътироз ва бастани роҳи Бохтар – Душанбе ҳабсу ҷарима кардаанд. Ҳукми онҳо рӯзи 26-уми ноябри соли 2020 эълон шуда, тафсилоташ танҳо рӯзи 9-уми феврали имсол ошкор шуд.
Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ сокини ноҳияи Хуросон бо гуноҳи "авбошии гуруҳӣ" ба 1,5-солии зиндон маҳкум ва панҷ каси дигар, ҳар кадом 5800 сомонӣ, ҷарима шуданд. Дар миёни онҳо се зан низ ҳастанд.
Мавқеи сокинон ва ё наздикону вакилони мудофеашон аз оғози қазия то ба ҳол маълум нест. Бештари мардуми минтақа бо далели он ки "балое ба сарашон наояд", аз суҳбат дар ин бора худдорӣ меварзанд ва рӯшан нест, даҳ сокини Хуросон таҳти чӣ шароите бозпурсӣ шуда, дар мурофиаи додгоҳӣ чӣ гуфтаанд.
Ному насаби даҳ сокини ноҳияи Хуросонро, ки дар пайи эътироз ҷазо гирифтаанд, Радиои Озодӣ дастрас кард.
Ҳабс шуданд:
- Маҳмадкарим Ҳасанов – 1,6 сол зиндон;
- Муҳаммадраҷаб Икромов – 1,6 сол зиндон;
- Сайидраҳмон Икромов – 1,6 сол зиндон;
- Кароматулло Музаффаров – 1,6 сол зиндон;
- Ҳусейн Музаффаров – 1,6 сол зиндон.
Ҷарима шуданд:
- Тоҷиддин Қараев – 5800 сомонӣ ҷарима;
- Авазҷон Ҳамроев – 5800 сомонӣ ҷарима;
- Мелихол Қараева – 5800 сомонӣ ҷарима;
- Бибиробия Расулова – 5800 сомонӣ ҷарима;
- Муҳтарама Ҷӯраева – 5800 сомонӣ ҷарима.
Эътирози сокинони ноҳияи Хуросон рӯзи 17-уми майи соли 2020, баъд аз вайронгариҳои селу ярч, сурат гирифт. Мардуми осебдида барои чанд соат шоҳроҳи Бохтар - Душанберо баста, гуфтанд, ба ин восита мушкили худро ба мақомот расонданд.
Сели рӯзҳои 14 ва 15-уми майи соли 2020 даҳҳо хонаро пурра вайрон ва ба даҳҳо манзили дигар қисман осеб расонд, чанде аз чорвои мардумро кушт ва киштзорҳошяонро хароб кард. Ду нафар ҳам ҷони худро аз даст доданд.
Баъд аз он ки тазоҳурот бо истифода аз нируҳои вижаи милиса пароканда шуд, муовини сарвазир ва раиси вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса рафта, бо гуруҳе аз мардум вохӯрданд. Онҳо ваъдаи кумак карданд ва ҳамзамон гуфтанд, нисбат ба саркардагони амали эътирозӣ чора меандешанд.
Дар ниҳоят, барои сокинони зарардида аз сел манзили нав бунёд шуд, вале ҷазо гирифтани сокинон барои эътироз интиқодҳоеро зиёд кард, ки мақомот таҳаммули шунидани норозигии мардумро надоранд. Дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин суол зиёд баррасӣ шуд, ки чаро шаҳрвандон барои баёни мавқеъ ва андешаи худ, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба онҳо ҳақ додааст, таъқиб мешаванд.
Илова ба ин, аз замони боздошти чанд сокини Хуросон дар моҳи майи соли гузашта мақомот аз пешниҳоди ҳамагуна иттилоъ дар бораи онҳо худдорӣ мекарданд. Танҳо рӯзи 8-уми феврал Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар посух ба суоли хабарнигорон тасдиқ кард, ки ҳукми додгоҳ нисбат ба чанд сокини ноҳияи Хуросон содир шуда, қувваи қонунӣ гирифтааст.