Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз "илтиҳоби шуш" фавтидаанд


Шараф Раҳмонов, муовини раиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд
Шараф Раҳмонов, муовини раиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд

Масъулони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гуфтанд, соли гузашта бар асари бемории илтиҳоби шуш ё "пневмония" чаҳор устоди донишгоҳ ҷони худро аз даст додаанд.

Шараф Раҳмонов, муовини раиси донишгоҳ, рӯзи 5-уми феврал ба хабарнигрон гуфт, "дар соли 2020, дар умум, 24 омӯзгор фавтиданд." Вай афзуд, "аз ин шумора, тибқи ташхиси тиббӣ, 4 кас бо сабаби гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шадиди шуш даргузаштанд."

Мақомоти Тоҷикистон дар эълони омори вобаста ба бемории ҳамагир ва илтиҳоби шуш боэҳтиёт суҳбат мекунанд ва, бино бар ин, иддае ба шаффофияти рақамҳои эълоншуда шак доранд.

Айни замон, ба иттилои мақомоти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, пандемияи COVID-19 ба иштироки устодону донишҷӯён дар дарсҳо мушкил пеш овард. Шафар Раҳмонов гуфт, "203 омӯзгор аз оғози пандемия бо пешниҳоди варақаҳои тиббӣ ба кор наомаданд ва муолиҷа гирифтанд", аммо тафсилот надод, ки онҳо мубталои чӣ беморӣ буданд.

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд беш аз 23 ҳазор донишҷӯ мехонанд ва ҳудуди 900 омӯзгор кор мекунанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани сирояти коронавирус хабар медиҳад, вале дар ҷомеа шубҳаҳо ба омори расмӣ ҳамчунон боқист. Чун, ба қавли баъзе аз сокинону коршиносон, мақомот аз аввал дар бораи сирояти беморӣ, шумораи мубталоён ва талафот аз он шаффофу ошкор набуданд.

Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон (охири моҳи апрели соли 2020) то оғози имсол 13 ҳазору 308 кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 нафар фавтидаанд. Омори ғайрирасмии беморон ва талафот аз коронавирусро дар Тоҷикистон бештар аз ин медонанд.

XS
SM
MD
LG