Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъюбон дар нахустнамоиши "Мурғобичаи безеб" нақш офариданд. ВИДЕО


Намое аз саҳнаи "Мурғобичаи безеб"
Намое аз саҳнаи "Мурғобичаи безеб"

Ҳафтаи гузашта дар Театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд нахустнамоиши "Мурғобичаи безеб" аз рӯи асари нависандаи даниягӣ Ҳанс Христиан Андерсен рӯи саҳна омад. Вале ба фарқ аз намоишномаҳои маъмулӣ, нақшофарон ҳунармандони касбӣ набуданд, балки онро наврасони маъюб иҷро карданд. Ташаббускори ин тарҳ созмони "Рангинкамон" буд.

Темур Султонӣ, коргардони намоишнома мегӯяд, ки дар оғоз ин нигаронӣ вуҷуд дошт, ки оё барнома муваффақ мешавад ё не. Чун ба гуфтаи ӯ, кӯдакон аз ҳунари актёрӣ бехабар буданд ва ҳатто дар саҳна чӣ гуна қадам задану сухан гуфтанро намедонистанд. Темур Султон дар ин робита ба қаҳрамони марказии намоишнома Сарвиноз ишора кард, ки ҳатто ҳамроҳи ӯву дигар дӯстонаш барои гап задан шарм медошт, вале имрӯз ба саҳна баромад ва хеле ҳунармандона баромад кард.

Нақши марказиро Сарвинози 17-сола бозидааст, ки дар 8-солагиаш аз таъсири барқ ҳар ду дасташ аз оринҷ поён сӯхт ва пизишкон онро буриданд. Бештари ин маъюбон дар гузашта ба бемориҳои шадиди фалаҷи мағзӣ гирифтор шудаанд. Сарвиноз Масобирова мегӯяд, ӯ ба он ҳадаф ба саҳна баромад, то ба дигарон фаҳмонад, ки ҳама инсонҳо баробар ҳастанд ва ҳеҷ кас сусту заъиф нест.

Ин саҳнаро тӯли шаш моҳ омода карданд ва модарони бархе аз ин маъюбон низ нақши модари онҳоро дар намоишнома ҳамроҳ бозидаанд. Парвина Акобирова, модари яке аз маъюбон мегӯяд, ки дар оғоз барои онҳо нақш бозидан хеле душвор буд, вале баъди омӯзонидану нақш бозӣ кардан, худро хеле хушбахт ҳис мекунад.

Нахустнамоиши "Мурғобичаи безеб" дар Суғд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:13 0:00

Тамошобини нахустнамоиши "Мурғобичаи безеб" ҳунармандони касбӣ низ буданд. Сайрам Исоева, ҳунарманди шинохта дар суҳбат гуфт, "ман мехоҳам бигӯям, ки бозии бачаҳо, духтарҳову хоҳарон бо модаронашон ҳунармандона буд. Ман дар симои онҳо нафаронеро дидам, ки аз баъзе актёрони касбиву дипломдор як сару гардан боло ҳастанд".

Мазмуни асар низ шабеҳи ҳаёти ин наврасон мебошад ва сюжети мухтасари он чунин аст: Қисса дар бораи як чӯҷаи мурғи марҷон меравад, ки иштибоҳан мурғобӣ дар қатори дигар тухмҳояш болои он хобидааст ва чӯҷа таваллуд шудааст. Аз рӯзи таваллуд дар ҷомеаи мурғобичаҳо барояш ҷой намемонад. Таҳқир ва танқидҳо сабаб мегардад, ки хонаро тарк кунад ва аз модараш ҷудо гардад. Дар роҳ бо гурба ва гург рӯ ба рӯ шуда, қариб луқмаи онҳо мешавад. Дар ниҳоят қуҳои сафед ва зеборо мебинаду бо онҳо парвоз карданро меомӯзад. Дар ниҳоят аҳли парандаҳои ҳавлӣ, ки мурғобичаи безебро таҳқир мекарданд, аз ӯ бахшиш мепурсанд.

Умар Алиев, коргардон ва ҳунарманди маъюб мегӯяд, "ман бо асо мегардам ва дар беруни толор аробачаи маъюбии ман истодааст. Ман маъюби гурӯҳи якум ҳастам. Ман низ ингуна чорабиниҳоро даҳҳо маротиба гузаронидаам ва шуморо офарин мехонам, ки бо сабру тоқат намоишномаро омода кардед".

Баъзе аз ширкаткунандагон дар бардошт аз муҳтавои намоишнома гуфтанд, ки дар ҷомеаи муосир кӯдакони маълул ё дорои имкониятҳои маҳдуд бештар таҳқир мешаванд ва ба ҷомеаи солим барои ворид шудан имконият надоранд. Ҷомеа барои ин қабил кӯдакон қолабҳо сохтааст.

Коргардон ва ин наврасон ният доранд, ки дар оянда саҳнаи "Мурғобичаи безеб"-ро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба намоиш гузоранд. Зеро тавассути он мехоҳанд паём расонанд, ки кӯдакони маълул набояд ҳеҷ гоҳ аз орзуҳои худ даст кашанд ва ба пеш раванд.

XS
SM
MD
LG