Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, бинобар баста будани марзҳо ва барқарор нашудани парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия, муҳоҷирони тоҷик бо ҳар васила, ҳатто бо роҳҳои ғайриқонунӣ кӯшиш мекунанд худро ба Русия расонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин охирҳо ҳолатҳое низ зиёд будааст, ки баъзе мусофирони парвозҳои чартериро, ки аз Тоҷикистон ба Русия расиданд, нагузоштанд аз дохили фурудгоҳ ба шаҳр ворид шаванд. Муҳаммад Собиров, як ҳуқуқшиноси созмони “Тонг ҷаҳонӣ” дар Маскав мегӯяд, тақрибан як ҳафта пеш марзбонони Русия зиёда аз 100 нафарро, ки барои ворид шудан ба Русия далеле надоштанд, бозпас фириситоданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, яке аз сабабҳои роҳ наёфтани ин мусофирон ба хоки Русия, тақаллубӣ будани варақаҳои тиббии онҳо будааст. Баъзе аз ин шаҳрвандон то бозпас фиристоданашон ба ватан ду ҳафта дар фурудгоҳи Маскав банд монда маҷбур шуданд, шабҳоро дар курсиҳои фурудгоҳ бидуни шароити беҳдоштӣ рӯз кунанд. Дар байни онҳо занон ва кӯдаки хурдсол низ будаанд. Ҳоло яке аз роҳҳои вуруд ба Русия ин табобат дар муассисаҳои беҳдоштии ин кишвар аст. Гуруҳе аз шаҳрвандон бо истифода аз ин имконият ҳуҷҷатҳои қалбакии тиббиро пешниҳод мекунанд. Ҳарчанд ба ин мусоифрон билет фурӯхта мешавад, вале марзбонон дар фурудгоҳҳои Русия ин ҳуҷҷатҳои тиббиро мӯшикофона тафтиш мекунанд. Дар сурате, ки агар қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳо ошкор шавад, соҳиби онро иҷозати вуруд ба Русияро намедиҳанд. Онҳое, ки ин шабу рӯз барои табобат ба Русия мераванд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тиббӣ ҳаққи дарёфти иҷозати корро надоранд ва бояд баъди гирифтани муолиҷа ба ватан баргарданд.
Русия макони асосии кору даромади садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар ватан аз бекорӣ азият мешаванд ва пандемияву маҳдудияти сафар ба вазъи иқтисодии хонаводаҳои зиёд дар дохили кишвар таъсиргузор шудааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон 26-уми январ дар паёми солонааш гуфт, ки дар соли 2020 бо сабаби баста будани роҳҳо, ҳудуди 80 дарсади муҳоҷирони тоҷик натавонистаанд ба хориҷ раванд.