Онҳое, ки ин шабу рӯз аз вилояти Суғд ба Душанбе сафар мекунанд, аз боло рафтани қимати роҳкиро шикоят доранд. Агар чанд рӯз пеш онҳо метавонистанд бо 50-80 сомонӣ аз Хуҷанд ба Душанбе расанд, акнун роҳкиро то 130-150 сомонӣ расидааст.
Паймон Ҳоҷибоев, донишҷӯи тоҷик, рӯзи 26-уми январ гуфт: “Нишастан дар қатори сеюмро 100 сомонӣ мегӯянд. Мо чун донишҷӯ ҳастем, каме арзон бошад, беҳтар аст. Масалан 70 ё 80 сомонӣ”.
Анвар, мусофири дигар мегӯяд: “Ҳар бор нарх ҳар хел мешавад. Ҳозир нархро аз 120 то 150 сомонӣ гуфта истодаанд. Лекин аз он тараф арзонтар, аз 50 то 80 сомонӣ, меоранд.”
Мусофирон ин афзоишро ба оғози таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо рабт медиҳанд, ронандаҳо мегӯянд, барфбории шадиди чанд рӯзи охир ҳаракати нақлиётро дар шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе душвор кардааст.
Шӯҳрат Сангинов, ронанда такси дар масири Хуҷанд – Душанбе гуфт: “Агар 6 мусофир бигирем, 600 сомонӣ мешавад. 300 километр меравем. 40 литр газ 160 сомонӣ аст ва 55 сомонӣ тарозупулӣ медиҳем. Вақте ба ин роҳи дур меравему 300 сомонӣ фоида намекунем, чӣ хел кор кунем?”
Дар ҳамин ҳол масъулони “Терминали Суғд” гуфтанд, гароншавии роҳкиро дар фасли зимистон мувофиқ ба нархгузориҳои Вазорати нақлиёт вобаста аст. Бино ба фармони вазири нақлиёт, роҳкирои як километри роҳи Хуҷанд -Душанбе 2,5 сомонӣ муайян шудааст. Барои як нақлиёт аз рӯи ин нишондод 750 сомонӣ рост меояд.
Марҳабо Юсуфова, муҳосиби “Терминали Суғд” гуфт: “Агар мошини чаорнафарӣ бошад, ин ба 187 сомонӣ рост меояд ва агар шашнафарӣ бошад, барои ҳар як мусофир 125 сомонӣ рост меояд. Мо тибқи ҳисоби миёна дар фасли гармо аз 100 то 120 сомонӣ маълумотнома пешниҳод мекунем ва дар фасли сармо аз 130 то 150 сомонӣ муайян кардаем”.
Вале мусофирон мегӯянд, дар баъзе ҳолат мусофиркашонҳо аз меъёри муайянкардаи Вазорати нақлиёт низ зиёдтар пул мегиранд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳамин чанд рӯзи охир роҳкиро аз ҷониби Хуҷанд то Душанбе ба марзи 200 сомонӣ ҳам расида буд.
Шӯҳрат Сангинов, ронандаи такси мегӯяд: “Нархи роҳкиро фақат як рӯз 200 сомонӣ шуд, чунки рӯзи якшанбе буд ва аз Хуҷанд зиёд мусофирон ба Душанбе рафтанд. Ҳам пеш аз он барф борида буд ва роҳҳо вазнин гардид. Агар аз як тараф 100 сомонӣ равему аз он тараф холӣ оем, фоида нест. Одам ҳар қадар зиёд шавад, ҳамон андоза раҳкиро ҳам қиммат мешавад”.
Масъулони назорати нарх дар роҳҳо мегӯянд, роҳпулии мусофиронро ронандаҳое баланд мекунанд, ки ғайриқонунӣ фаъолият мебаранд ва аз зиёдшавии мусофирон истифода мекунанд. Онҳо мегӯянд, на ҳама кирокашҳо санади лозимии кору молиётсупориро доранд ва назорати пурраи онҳо ғайриимкон аст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: