Сафири Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки Теҳрон барномае барои гуфтугӯ бо ҳукумати Ҷо Байден надорад ва мунтазир аст, ки раиси ҷумҳури нави Амрико гомҳои аввалро барои бекор кардани таҳримҳо ва бозгашт ба созиши ҳастаӣ бардорад.
Маҷид Тахтравончӣ рӯзи душанбеи 25-уми январ дар нахустин мусоҳибаи худ пас аз сари кор омадани ҳукумати нав дар Амрико, ба шабакаи хабарии NBC гуфт, ки Эрон то ин лаҳза бо ҳукумати нави Амрико сӯҳбат накардааст.
Ин дипломати эронӣ сипас дар посух ба ин суол, ки оё Эрон барномае барои гуфтугӯи мустақим ё аз тариқи миёнҷӣ, масалан ҳукумати Шведсия дорад, изҳор дошт, "на, мо қасд надорем, ки по пеш бигузорем".
Вазорати умури хориҷии Швейдсия бинобар он, ки Амрико дар Теҳрон сафоратхона надорад ва робитаҳои дипломатии он бо Эрон қатъ шудааст, номаҳои мақомоти ду кишварро ба якдигар мерасонад.
Пеш аз ин Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон низ дар изҳороти монанд ба ин гуфта буд, то замоне, ки ИМА ба созиши ҳастаӣ бознагардад, Теҳрон омодагии онро надорад, ки ҳусни ният аз худ нишон диҳад ё дар ин ҷиҳат гом бардорад.
Дар ин ҳол, Маҷид Тахтравончӣ, ҳам гуфт, ки Эрон ҳеҷ саросема нест. Ӯ афзуд, "ин аз Амрико вобаста аст, ки тасмим бигирад. Мо саросема нестем".
Иқтисоди Эрон зери фишори таҳримҳои Амрико, ки дар пайи тасмими Доналд Трамп барои хуруҷи Вашингтон аз созиши ҳастаӣ ҷорӣ шуд, дучори мушкили зиёде шудааст. Ин созишнома барномаи ҳастаии Эронро маҳдуд месохт ва дар иваз, таҳримҳо алайҳи Теҳрон лағв мешуд.
Ҷо Байден дар маъракаи интихоботии худ таъкид карда буд, ки агар Эрон ба ӯҳдадориҳои худ бар асоси созиши ҳастаӣ амал кунад, Вашингтон низ ба ин созишнома бозхоҳад гашт.
Оқои Тахтравончӣ бо ишора ба ин гуфтаҳои оқои Байден афзуд, Эрон мехоҳад бубинад, ки оё раиси ҷумҳури нав ба ваъдаи худ амал мекунад ва агар чунин кунад, Теҳрон низ омода аст, то бори дигар ба ӯҳдадориҳои худ амал кунад.
Вай афзуд, "тӯб дар замини Амрико аст. Комилан аз ҳукумати нав вобаста аст. Бинобар ин, ҳамин, ки онҳо ба ӯҳдадориҳои худ амал карданд, Эрон низ ҳамон тавр, ки борҳо гуфтааст, ӯҳдадориҳои худро ба шакли комил иҷро мекунад".
Бо вуҷуди ин изҳороти мақомоти эронӣ, ки Вашингтон бояд аввалин гомҳоро бардорад, аъзои тими амнияти миллии Ҷо Байден гуфтаанд, ки ҳукумати нав дар садади он нест, ки бо гирифтани як тасмими зуд, ба созиши ҳастаӣ бозгардад.
Энтони Блинкен -- фарде, ки Ҷо Байден барои раҳбарии Вазорати умури хориҷии Амрико дар назар гирифтааст, ба Кумитаи робитаҳои хориҷии Сенати Амрико гуфт, "мо роҳи дарозе то он дар пеш дорем".
Оқои Блинкен афзуд, ки ҳукумати нав дар қадами аввал мехоҳад баррасӣ кунад, ки оё Эрон ба созиши ҳастаӣ амал мекунад ё на. Мақомоти дигар ҳам дар ҳукумати Ҷо Байден гуфтаанд, ки ҳеҷ тасмиме дар бораи бозгашт ба созиши ҳастаӣ гирифта нашудааст.
Ҳукумати Ҷо Байден эълом кардааст, ки дар робита ба масъалаи ҳастаии Эрон бо шарикони худ, аз ҷумла се қудрати аврупоӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. Олмон, Фаронса ва Бритониё мухолифи тасмими ҳукумати Доналд Трамп барои хуруҷ аз созиши ҳастаӣ буданд. Онҳо ҳамчунин аз Эрон низ хоста буданд, ки ба ӯҳдадориҳои худ комилан пойбанд бошад.