Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар 17-умин мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021", ки аз 31-уми январ то 6-уми феврал дар Мински Беларус баргузор мешавад, бо тимҳои Белорус, Қазоқистон ва Молдова рақобат хоҳад кард.
Дар "Ҷоми Рушд-2021" чаҳор дастаи наврасон, ки аз ҳисоби футболбозони соли таваллудашон на болотар аз 2004 иборатанд, ширкат меварзад.
Дар ин мусобиқа футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31-уми январ), Молдова (3-юми феврал) ва Белорус (6-уми феврал) бозӣ хоҳанд кард.
Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои бадастоварда маълум хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон соли гузашта ба финали «Ҷоми рушд-2020» роҳ ёфта буд. Футболбозони навраси тоҷик, ки дар бозии ниҳоӣ дар Минск аз мунтахаби наврасони Беларус (U-17) аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ – 2:2) мағлуб шуданд, барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.
Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск
Даври 1-ум
31-уми январ (якшанбе)
14:00. Қазоқистон – Тоҷикистон
17:30. Белорус – Молдова
Даври 2-юм
3-юми феврал (чоршанбе)
14:00. Тоҷикистон – Молдова
17:30. Белорус – Қазоқистон
Даври 3-юм
6-уми феврал (шанбе)
14:00. Молдова – Қазоқистон
17:30. Белорус – Тоҷикистон
Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.