Бунёди сармоягузории мустақими Русия гуфтааст, Туркманистон ваксинаи "Sputnik V"-ро, ки ба зидди COVID-19 мебошад, барои истифода дар ин кишвар ба қайд гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам мегӯяд, ки ҳеч мавриди олудагӣ ба COVID-19 дар қаламраваш номнавис нашудааст.
Бунёди сармоягузории мустақими Русия дар изҳороти расмиаш рӯзи 18-уми январ навишт, “Туркманистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки расман ваксинаи "Sputnik-V"-ро барои истифода дар қаламраваш сабт кардааст. Аз ин ваксина дар ҳолатҳои фавқулода ба кор бурдан иҷозат дода шудааст”.
Туркманистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки то ҳол ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар бораи олуда шудани шаҳрвандонаш ба коронавирус хабар надода, оморро дар сифр нигоҳ медорад. Моҳи августи соли гузашта СҶТ дар бораи афзудани ҳодисаҳои гирифтории сокинон ба пневмонияи ғайримуқаррарӣ хабар дод ва созмон борҳо, вале беҳуда аз Ишқобод хостааст, ки иҷоза диҳад дар ин кишвар санҷиши рӯйирости коронавирусро ба роҳ монад.
Инкори ҳодисаҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар ҳолест, ки зиндону мактабҳо ва беморхонаҳо пур аз бемор ҳастанд. Ба шаҳрвандони бисёре гуфта шудааст, ки аз хона набароянд ва агар бемор шуданд, беҳтараш ба марказҳои тиббӣ нараванд, то сабаби олуда шудани кормандони тиб нашаванд.
Дар Туркманистон одамони бисёре ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки фавтидагони пневмонияи ғайриоддиро дар халтаҳои пластикии махсус барои ба хок супоридан медиҳанд.
То кунун ба таври расмӣ иҷозат дода шудааст, ки аз ваксинаи русии "Sputnik-V" дар чанд кишвар, аз ҷумла, Алҷазоир, Аргентина, Белорус, Боливия, Фаластин ва Парагвай истифода баранд.