Донишгоҳи Ҳарбии Гвардияи Миллии Қазоқистон ду курсанти тоҷикро пас аз як моҷаро хориҷ кардааст. Донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, онҳо аз “дедовшина” ва ё бадрафтории ҳамсабақони қазоқи худ ҷабр диданд, аммо маъмурият онҳоро гунаҳкор шумурда, аз донишгоҳ ронд.
Бар асоси фармонҳои ихроҷ, ки Радиои Озодӣ ҳам нусхаҳои онҳоро дар даст дорад, Зиёратшо Қурбонов ва Аваз Қурбонов аз рӯзи 15-уми январ аз донишгоҳ хориҷ шудаанд. Маъмурияти донишгоҳ иддао дорад, ки донишҷӯёни тоҷик, як ҳамсабақи худро латукӯб ва қоидаҳои таҳсилро зери по карданд ва аз ин рӯ ихроҷ шуданд.
Зиёратшо Қурбонов ва Аваз Қурбонов донишҷӯёни шуъбаҳои гуногуни Донишгоҳи Ҳарбии Гвардияи Миллии Қазоқистон дар шаҳри Петропавловск мегӯянд, дар ин донишкада аз бадрафтории ҳамсабақони худ ҷабр диданд, аммо маъмурияти донишгоҳ ба ҷойи одилона баррасӣ кардани қазия онҳоро латукӯб ва маҷбур кард, ки гуноҳро бар дӯш гиранд ва бар замми ин аз донишгоҳ хориҷ карданд. Донишҷӯёни тоҷикро, вазорати умури дохилӣ барои таҳсил ба Қазоқистон фиристодааст.
Аваз Қурбонов рӯзи 16-уми январ аз шаҳри Петропавловск дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки донишҷӯёни қазоқ дар донишгоҳ бо тоҷикон муносибати хуб надоранд ва бо онҳо бадрафторӣ мекунанд. Ӯ моҷарои ба сарашон омадаро чунин нақл кард: “Ба ман амр доданд, ки ба шикам хоб равам. Аммо ман рутбаи сержанти хурдро дорам, шарафам иҷоза надод, ки ба ин амр итоат кунам. Баъдан Бакитбеков ном як сарбози қазоқ Зиёратшоро бо қазоқӣ дашном дод. Миёни онҳо дар ҳоҷатхона муноқиша бархост, афсарон омада халос карданд, онҳо бо ҳам даст доданду бо ҳамин тамом шуд.”
Ҷанҷолу даъво ва занозанӣ миёни ду тараф рӯзи 6-уми декабри соли 2020 сурат гирифтааст ва ба гуфтаи мақомоти донишгоҳ, донишҷӯи қазоқ ноболиғ будааст. Пас аз ин ҳодиса шабонгоҳ, ба гуфтаи Қурбонов, донишҷӯёни қазоқ чароғро хомӯш карда, бо камарбандҳои сарбозӣ ба онҳо дарафтоданд. Мегӯяд, тақрибан 160 ҳамлагар, 10 донишҷӯи тоҷикро латукӯб кардаанд.
Бо арзи сарбози қазоқ Бакитбеков, додгоҳи шаҳри Петропавловск Аваз Қурбоновро ба “қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ” гунаҳкор дониста ва ӯро ҳудуди 100 доллар ҷарима бастааст. Ба иддаои Аваз Қурбонов, дар ин моҷаро аслан ҷабрдида ӯву Зиёратшо ва дигар донишҷӯёни тоҷик буданд, аммо зери фишор ва таҳдиди куштан дар ҷангал, онҳо бо ваъдаи он ки бо супурдани ҷарима моҷаро тамом мешавад, гуноҳро ба гардан гирифтанд.
Бо ҳукми додгоҳ курсантҳои тоҷик ҷаримаро пардохтаанд, аммо баъд аз он ихроҷ шудаанд. Дар фармони роҳбари донишгоҳ генерал Бауржан Абжанов сабаби ихроҷ “вайрон кардани низоми ҳарбӣ ва таҳсил” гуфта шудааст. Дар қисми таълимии донишгоҳ яке аз афсароне, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 16-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, донишҷӯёни тоҷик қоидаҳои таҳсилро дағалона вайрон карданд ва аз ин рӯ ихроҷ шуданд.
Донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, пули ҷаримаро бо ёрии ҳамсабақони тоҷикашон супурданд, вале афсарони донишгоҳ онҳоро латукӯб карда, дар сардӣ аз хобгоҳ рондаанд. Аваз Қурбонов мегӯяд, бо андак пуле, ки доштанд, хонаеро барои як рӯз иҷора гирифтанд ва намедонанд, чӣ кор кунанд.
Дар Донишкадаи Ҳарбии Гвардияи Миллии Қазоқистон айни замон 37 донишҷӯи тоҷик бо роҳхати Вазорати корҳои дохилӣ таҳсил мекунанд. Таҳсил бар асоси созишномаи вазоратҳои корҳои дохилаи ду кишвар сурат мегирад.