Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон ба таъхир афтод?


Гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон дар Қатар. Акс аз бойгонӣ
Гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон дар Қатар. Акс аз бойгонӣ

Гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон, ки қарор буд, дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор шавад, ба таъхир афтодааст. Хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, ҳарду тараф мунтазиранд, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури нави Амрико дар робита ба Афғонистон чӣ сиёсатеро пеш мегирад.

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон гуфт, ҳайати давлат ва гуруҳи Толибон се рӯз аст ягон нишаст доир накардаанд. Фаридун Хузун, сухангӯи шӯро сабаби аслии таъхир дар гуфтугӯҳоро шарҳ надодааст ва танҳо гуфтааст, ки ҳайати давлат бо ҳам машварат мекунанд: "Феълан мо саргарми машварат ва баҳсҳои байни тимӣ ҳастем."

Хабаргузории "Ройтерс" аз қавли ду манбаъ навиштааст, тарафайн гуфтугӯҳоро боздошта, мунтазиранд, ки раиси ҷумҳури ояндаи Амрико дар мавриди Афғонистон чӣ сиёсатеро пеш мегирад. Қарор аст, Ҷо Байден рӯзи 20-уми январ ба ҳайси раиси ҷумҳури Амрико савганд ёд карда, корашро дар Кохи Сафед оғоз кунад. Музокиракунандагон мехоҳанд, мутмаин бошанд, ки оё Байден тасмими Доналд Трамп дар бораи берун кардани неруҳои амрикоӣ аз хоки Афғонистонро дигар мекунад ё на.

Як манбаи дипломатӣ дар Кобул ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, мунтазири мавқеи раиси ҷумҳури ояндаи Амрико ҳастанд. Як узви ҳайати музокиракунандаи Толибон низ ба "Ройтерс" гуфтааст, мунтазири онанд, бубинад, раиси ҷумҳури ояндаи Амрико то чӣ ҳад ба созиши ин кишвар бо Толибон пойбанд мемонад.

Ин узви Толибон гуфтааст, агар амрикоиҳо ба ваъдаҳои худ дар мавриди хориҷ кардани неруҳо аз Афғонистон пойбанд намонанд, Толибон ба иқдомоти ҷиддӣ рӯ хоҳанд овард ва дар минтақаҳои калидӣ ҷангҷӯёнашонро дубора мустақар мекунанд.

Гуфтугӯи сулҳ дар шароите мегузарад, ки ноамниҳо дар Афғонистон ҳамчунон идома доранд
Гуфтугӯи сулҳ дар шароите мегузарад, ки ноамниҳо дар Афғонистон ҳамчунон идома доранд

Даври дуввуми гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон охири ҳафтаи гузашта оғоз шуд, вале ҷонибҳо танҳо як нишаст баргузор кардаанд.

Дар даври дуввуми музокироти сулҳи Афғонистон қарор буд, масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла оташбас баррасӣ шавад. Даври аввали музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон моҳи сентябр дар Доҳа оғоз шуд ва се моҳ идома кард.

Даври дувуми гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон дар ҳоле оғоз мешавад, ки ноамниҳо дар гӯшаҳои кишвар афзоиш ёфтааст. Аз ин сабаб ҷомеаи ҷаҳонӣ аз давлати Афғонистон ва Толибон хостааст, барои таваққуфи хунрезиҳо, мавзӯи оташбасро дар сархатти гуфтугуҳо қарор диҳанд.

Амрико ва Толибон моҳи феврали соли гузашта созишеро имзо карданд, ки ҳадафи он ҳамвор кардани роҳ барои гуфтугӯҳои мустақими байни ин гуруҳи ифротӣ ва ҳукумати Кобул ва ҳамингуна хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон аст.

Бо вуҷуди онки Толибон ҳамлаҳо ба зидди сарбозони Амрикову НАТО-ро бас карданд, тақрибан ҳар рӯз ба сарбозони афғон ҳамла мекунанд.

XS
SM
MD
LG