Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба ватан меоранд


Шуҳрат Сулаймонов дар як нуқтаи "Шаурмапази" кор мекард
Шуҳрат Сулаймонов дар як нуқтаи "Шаурмапази" кор мекард

Ҷасади муҳоҷири 21-солаи тоҷикро, ки дар сӯхторе дар Русия фавтид, шоми имрӯз ба Тоҷикистон меоранд.

Шуҳрат Cулаймонов, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд , ки дар шаҳри Ростов лаби Дон, дар як нуқтаи омода кардани хӯрокҳои зудтайёр кор мекард, бар асари сӯхтор дар ҷойи кораш ҷон дод.

Ба гуфтаи муҳоҷирон ва дӯстони Шуҳрат, ҳодиса шаби 6-ум ба 7-уми январ рух додааст. Дар ин сӯхтор як муҳоҷири дигари тоҷик, ки низ бо Шуҳрат якҷо дар "Шаурмахона" кор мекардааст, осеби ҷиддӣ дида, дар бемористон бистарӣ аст.

Сабаби сӯхтор таркиши балони газ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ гуфта мешавад. Вақте оташ аланга мегирад, муҳоҷирони тоҷик наметавонанд аз дӯкон берун шаванд.

Абдуқаҳҳор, муҳоҷири тоҷике, ки дар Ростов бо ҷавони фавтида дар як хона зиндагӣ мекардааст, рӯзи 13-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 20 дақиқа пеш аз сӯхтор бо Шуҳрат телефонӣ сӯҳбат карда аз аҳволу кораш пурсон шуда буд.

"Гуфт, ҳама хуб аст. Телефонро хомӯш кард. Баъди 20 дақиқа ба ман занг заданд, ки он ҷо балон кафидааст. Мошин гирифта рафтем, ки аллакай сӯхтааст,"-гуфт ин муҳоҷир.

Ба гуфтаи Абдуқаҳҳор, Шуҳрат Сулаймонов, баъди хатми мактаби миёна, барои пешбурди зиндагӣ ба муҳоҷират рафт. Мусоҳиби мо мегӯяд, ҷасади муҳоҷири фавтидаи тоҷикро ба Маскав интиқол додаанд ва бояд шоми имрӯз бо хатсайри Маскав - Душанбе ба Тоҷикистон оварда шавад.

Аз муҳоҷири дигари осебдида дар ин сӯхтор, Искандар Давронов ном бурда мешавад, ки 29 сол дошта, соҳиби ду фарзанд будааст.

Ҳар сол садҳо тобути муҳоҷирон ба ватан оварда мешавад. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG