Гуруҳе аз сокинони деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз насби мавҷпарокани ширкати Тселл дар маркази маҳалла нигаронанд ва онро барои саломатии худ таҳдид мешуморанд.
Масъулони Тселл қазияро шарҳ надоданд. Намояндагони ширкате, ки мавҷпароканро насб кардаанд, гуфтанд, агар "антенна" ба саломатии сокинон зиён дорад, метавонанд онро баландтар бардоранд. Ин мавҷпароканро дар оғози моҳи январ дар кӯчаи Фахрии деҳаи Рӯмон гузоштанд.
Юнусхӯҷа Валаматов, сокини деҳа, мегӯяд, аз будани мавҷпарокан дар назди хонааш розӣ нест. Ба гуфтаи ин сокини Рӯмон, "бояд дар байни кӯҳ, болои баландошёнаҳо сохта шавад ва на дар байни маҳалла. Инҷо маъюбон, солмандон ва кӯдакон зиндагӣ мекунанд."
Масъулони ширкати "Тселл" дар минтақаи Суғд омода нашуданд дар ин бора суҳбат кунанд ва маълум нест, то куҷо безарар будани мавҷгирро ба саломатии сокинон кафолат медиҳанд. Коршарики Тселл, ширкати "Нур", ки ин "антенна"-ро насб мекунад, гуфт, тибқи меъёр мавҷпароканро дар баланди 35 метр гузоштаанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:
Нуруллоҳ Усмонов, раиси ширкат, гуфт, дар сурати зиён расондан ба саломати сокинон, омодаанд, мавҷпароканро боз ҳам баландтар бардоранд. "Чанд метре, ки давлат муайян кунад ва агар баланд аст, ҳамон қадар имкони баланд кардан дорем", -- афзуд Усмонов.
Мутмаин нашудани сокинони деҳаи Рӯмон аз безарар будани мавҷпарокан ташвиши онҳоро бештар кардааст. Сокинон аз он метарсанд, ки қувваи радиатсионии мавҷпарокан ба саломатии онҳо зиён мерасонад. Дар наздикии кӯчае, ки мавҷпарокан насб шудааст, мактаби миёна низ ҳаст ва дар онҷо садҳо нафар таҳсил мекунанд.
Ҳотамхӯҷа Муҳиддинов, сокини деҳаи Рӯмон афзуд, "ман дар поёни ҳамин "антенна" зиндагӣ мекунам ва ҳам маъюб ҳастам. Мегӯянд, ки зиён дорад. Ба наврасон зиён дорад. Агар намояндагони ҳамин ширкат биоянду гӯянд, ки дар ҳақиқат зиён надорад, бигзор монанд, кор кунад."
Масъулони мақомоти маҳаллӣ дар пайи муроҷиати сокинон қаблан сохтмони "антенна"-ро боздошта буданд, вале баъдан бар асоси хулосаи мутахассисони идораҳои зидахл дубора ба бунёди он иҷоза доданд. Пизишкон мегӯянд, ин таҷриба дар маҳалҳои дигар низ ҳаст.
Фурқат Шарипов, муовини сардухтури Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, Хадамоти назорати тиббӣ барои ин иҷозат додааст ва аз ин сабаб барои будани мавҷпарокан ягон хел монеа нест.
Тселл яке аз калонтарин ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аст, ки баъзан барои хурд будани ҳавзаи мавҷаш аз тарафи корбарон танқид мешавад. Ҳарчанд масъулони ширкат мегӯянд, рух додани камбудҳо на ҳама вақт бо айби онҳо сурат мегиранд.
Ширкати Тселл қаблан ба TeliaSonera тааллуқ дошт, вале се сол пеш саҳмияҳои он пурра ба ихтиёри Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) гузашт.