Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Молдова баргаштанд, дар куҷоянд?


Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ

16 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки субҳи 11-уми январ аз Молдова баргаштанд, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе "бо худ бурдаанд". Як манбаъ дар фурудгоҳ гуфт, онҳо тавассути ҳавопаймо аз Истанбул омаданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи ҳодиса изҳори бехабарӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки намояндагони Вазорати корҳои дохилии Молдова рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, 16 шаҳрванди Тоҷикистон ба поймол кардани қоидаҳои будубош муттаҳам буданд ва пас аз додани ҷарима аз кишвар берун шуданд.

Фикр накунам, ин ҷо гап дар сари муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст. Онҳо билетро бо пули худ харида, ҳамчунин ҷаримаро пардохт карданд. Ҳар кадоме – 90-долларӣ.

Ҳоло маълум нест, онҳо дар куҷо ҳастанд. Чун, ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, "зоҳиран ин афродро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони ҳифзи қонун интизор буданд ва бо худ бурданд". Ба иттилои онҳо, "мақомот мусофиронеро, ки аз Молдова омаданд, як-як ном гирифтанд."

Дар Кишинёв чӣ гуфтанд?

Олга Поалелунги, раиси Бюрои муҳоҷират ва паноҳандагии назди ВКД-и Молдова, рӯзи душанбе дар ҷавоб ба муроҷиати бахши молдовании Радиои Озодӣ гуфт, 16 шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи муқаррароти будубош "муҷозот шуданд". Ба қавли ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон "дирӯз бо пули худ билети бозгашт харида", ба ватан баргаштанд.

Дар шарҳи бештари хабар Михаил Водэ, намояндаи дигари Бюрои муҳоҷират ва паноҳандагии назди ВКД-и Молдова гуфт, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ хоки Кишинёвро тарк карданд. "Онҳо нахостанд, дар бораи мақсади сафарашон хабар диҳанд. Фикр накунам, ин ҷо гап дар сари муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст. Онҳо билетро бо пули худ харида, ҳамчунин ҷаримаро пардохт карданд. Ҳар кадоме – 90-долларӣ", -- тафсилот дод ӯ.

Водэ гуфт, дар қазияи шаҳрвандони Тоҷикистон "ҳеҷ ангезаи сиёсӣ"-ро намебинад ва афзуд, ба Молдова шаҳрвандони Тоҷикистон "зиёд намеоянд".

"Моро ба куҷо мебаред?"

Рӯзи душанбе як корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте мусофирони ҳавопаймои Истанбул-Душанбе аз марз мегузаштанд, "кормандони Раёсати сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бар асоси як рӯйхат чанд нафарро гирифтанду ба утоқи дигар бурданд."

Манбаъ иддао кард, ки пас аз як муддат онҳоро аз утоқ берун бурдаву аз бинои фурудгоҳ хориҷ шудаанд. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, "афроди шоҳиди саҳна ҳамон лаҳза гумон карданд, ки шояд онҳо гумонбар ба кадом ҷинояте ҳастанд, вале зоҳиран барои худи баргаштаҳо аз Молдова низ ин ҳолат ногаҳонӣ буд."

Вай афзуд: "Вақте шахсони боздоштшуда аз кормандони Раёсати марзбонӣ пурсиданд, ки "моро ба куҷо мебаред, чӣ кор кардаем?" дар посух гуфтанд, ки "дар бораи Шумо барвақт хабар расидааст, дар идора суҳбат мекунем".

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани ҷузъиёти ҳодиса ва сарнавишти шаҳрвандони баргашта аз Молдова то ин дам натиҷа надод. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ҳодиса изҳори бехабарӣ мекунанд.

Муҳоҷират ба кишвари фақири аврупоӣ?

Бар асоси созишномаи ҳукуматҳои Молдова ва Тоҷикистон аз соли 2019, шаҳрвандони ду кишвар ҳақ доранд, дар қаламрави якдигар бе виза 90 рӯз биистанд.

Молдова, ҷумҳурии воқеъ дар ҷанубу шарқи Аврупо ва ҳаммарз бо Украинаву Руминия, бо 3,5 миллион аҳолӣ яке аз фақиртарин кишварҳои қораи Аврупо аст. Сокинонаш бештар аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ дар Аврупои Шарқиву Ғарбӣ рӯзгори оилаҳояшонро таъмин мекунанд.

Ин кишвар, ки тамоюлҳои рӯ ба Ғарб дорад, бо сохторҳои байналмилалие ба монанди Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳамкорӣ мекунад.

Моҳи августи соли 2015 дар Молдова як фаъоли мухолифони тоҷикро боздошт карда буданд. Собир Валиев, узви пешини созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" ва "Анҷумани нирӯҳои созанда" бо дархости Душанбе дастгир ва бо қарори додгоҳи Кишинёв ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро баъди як моҳ ва дар пайи шикоятҳои ҳомиёни ҳуқуқ озод карданд, вале ӯ дертар, ба қавли худаш, ихтиёрӣ ба Душанбе баргашт.

XS
SM
MD
LG