Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯктами Холиқназар, муаллифи "Ғалат менависем", даргузашт


Ӯктами Холиқназар
Ӯктами Холиқназар

Ӯктами Холиқназар, яке аз парчамдорони эҳёи забону фарҳанги тоҷикӣ ва узви садорати созмони мардумии "Растохез", рӯзи 11-уми январ дар Душанбе даргузашт. Маросими видоъ рӯзи 12-уми январ баргузор хоҳад шуд. Ӯ 80 сол дошт.

Яке аз дӯстони Ӯктами Холиқназар рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "тайи се ҳафтаи охир бемор буд ва писараш Алишер барои нигоҳубини ӯ аз Русия ба Тоҷикистон омад."

Ӯктами Холиқназар узви нахустин Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатӣ ва аз бунёдгузорони созмони "Пайванд" дар умури робита бо ҳамзабонони бурунмарзӣ буд.

Китоби "Мартен Иден"-и Ҷек Лондонро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, китобҳои "Ғалат менависем" ва "Рӯзноманигори озод-ро навиштааст.

Китоби "Ғалат менависем" соли 2000 нашр шудааст. Муаллиф дар пешсухани китоб сабаби ба ин масъала рӯй овардани худро мегӯяд, "дарвоқеъ, ғалат гуфтан ва ғалат навиштан дар замони мо гӯё ба ҳукми қонун даромадааст. Ба истиснои ками андар кам ҳолатҳо, мо дар суханрониҳои арбоби сиёсат, аҳли илм ва гоҳе ҳам ҳатто дар суханрониҳои донишмандони риштаи забон ва адабиёт ва навиштаҳои соҳибқаламон муроот нашудани қоидаҳои сарфу наҳви забонро... мебинем."

Ӯ дар оғози солҳои 2000-ум як муддат ҳамкори Радиои Озодӣ буд.

Нависанда ва тарҷумони маъруф дар соли 2005 бо хоҳиши худ аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хориҷ шуд.

XS
SM
MD
LG