Содир Ҷабборов, ки бино бар эълони Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон дар овоздиҳии рӯзи 10-уми январ ғалаба кардааст, гуфт, "иштибоҳи ҳукуматдорони пешинро такрор нахоҳад кард." Мақомоти қирғиз гуфтаанд, 79 дарсади интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз номзадии Ҷабборови 52-сола овоз доданд, ки се моҳ пеш дар як инқилоб аз зиндон озод карда шуд.
Содир Ҷабборов рӯзи 10-уми январ дар посух ба пурсиши хабарнигорон гуфт, решаҳои фасод ба ҳама паҳлуҳои зиндагии мардум дар Қирғизистон "неш" задааст ва ӯ дигар ба идомаи ёфтани чунин вазъ иҷозат нахоҳад дод. "Мо иштибоҳи ҳукуматдорони пешинаро такрор нахоҳем кард. Ҳамаи корҳо шаффоф ва рӯирост сурат мегиранд,"-гуфт Ҷабборов.
Аммо ин сиёсатмадори қирғиз ҳеч барномае рушане дар ин бобат пешниҳод накардааст ва дақиқ нест, ки ӯ бо фасод чигуна мубориза мебарад. Шиори зидди фасод аз забони роҳбарони пешини Қирғизистон низ садо дода буд, аммо ба гуфтаи коршиносон, вазъ дар ин самт тағйири зиёд надоштааст.
Ваъдаи дигари Содир Ҷабборов ин буд, ки ба таъқиби сиёсӣ ва пинҳон мондани шахсони ҷинояткор роҳ намедиҳад.
Раиси ҷумҳури баргузидаи Қирғизистон гуфт, "касе, ки набошад, хоҳ сиёсатмадор, хоҳ шахси воқеӣ, агар ҷинояте содир карда бошад, бояд дар назди қонун ва халқ ҷавоб гӯяд. Мо бояд аз бюрократҳо ва фасодкорони куҳна халос шавем. Ин талаби мардум аст."
Интиқодҳо аз кори Ҷабборов ва тими интихоботиаш зиёд аст. Аз ҷумла инки онҳо ҷонибдори тақвият додани нақши президент ҳастанд ва мехоҳанд дар Қирғизистон низоми порлумониро ба президентӣ табдил диҳанд. Низоме, ки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ солҳо боз таҷриба мешавад ва ҳомиёни ҳуқуқ аз такрори он дар Қирғизистон нигаронанд. Бакит Бешимов, профессори Донишгоҳи Бостон мегӯяд, "ӯ (Содир Ҷабборов) барои ба ҳадди аксар расондани қудрати худ як давлати авторитарии муосир хоҳад сохт."
Рӯзи якшанбе дар Қирғизистон назарпурсӣ дар мавриди низоми идории ҳукумат низ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, беш аз 80 дарсади онҳо барои гузаштан ба идораи президентӣ ва тақрибан ёздаҳ дарсад барои ҳифзи сохти порлумонӣ раъй додаанд. Ҳоло дар Қирғизистон низоми порлумонӣ ҷорӣ аст.
Дар интихоботи рӯзи 10-уми январ дар Қирғизистон 1 миллиону 354 ҳазор нафар (каме беш аз 38 дарсади соҳибони ҳаққи раъй) иштирок кардаанд. Мақомот гуфтанд, эҳтимол сармои шадид боис шудааст, ки мардум камтар ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ раванд.
Дар ҳоле ки баъзе аз номзадҳо аз натиҷаҳо розӣ нестанд, масъулони Комиссияи марказии интихобот дар бораи дарёфти 60 қонуншиканӣ хабар доданд. Тими интихоботии номзад ба мансаби президент Клара Соорунқулова гуфт, аз Уш дар бораи "харидани овозҳо" хабар гирифтанд, вале маълум нест ин корро тарафдорони кадоме аз довталабон кардаанд.
Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қирғизистон баъд аз он баргузор шуд, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4-уми октябри соли 2020 боис ба беназмиҳо шуд ва мақомот зери фишори эътирозгарон натиҷаҳои онро бекор карданд.
Норозиён ҳукуматро барои харидани овозҳо ба тарафдорӣ аз ҳизбҳои наздик ба раиси ҷумҳури вақт Сооронбой Ҷеенбеков гунаҳкор карданд. Дар ин замина Ҷеенбеков аз мақомаш истеъфо дод ва интихоботи зудрас эълон шуд.