Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастам намерасад, ки... "Дарди фироқ"-и тоҷикон дар аҳди пандемия боло гирифт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маҳдудиятҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав Аъзамҷону Ёсуман, ду ҷуфтро ба истилоҳи худашон "зиндаҷудо" кард. Аъзамҷон Рауфов, сокини 29-солаи ноҳияи Шаҳринав дар Тоҷикистон қарор дорад, аммо ҳамсараш Ёсуман Юсуфова бо се фарзанд дар шаҳри Читаи Русия аст. Онҳо беш аз 10 моҳ боз имкони ба ҳам пайвастанро надоранд.

"Бист ҳазор рубл дорем"

Аъзамҷон мегӯяд, ду сол пеш барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҳамроҳ бо ҳамсараш дархост дода буданд, вале бино бар танҳо будани падару модараш ба ватан баргашт. Ӯ мегӯяд, 16-уми марти соли 2020 аз Русия нома гирифт, ки барои дарёфти шаҳрвандӣ бояд ба он ҷо раванд.

"Падару модарро танҳо гузошта наметавонистам. Бо ҳамсарам машварат кардем, ки ӯ кӯдаконро гирифта ба Русия равад ва пас аз даҳ рӯз баргардад. Рафтанду пас аз як ҳафта роҳҳо баста шуданд", -- нақл кард ӯ.

На шавҳарамро гузоштанд, ки ба назди ман биояд ва на маро гузоштанд, ки ба назди ӯ равам. Ба вай виза надоданд. Хеле азоб дорем.

Мақомоти Тоҷикистон ва Русия охири моҳи марти соли 2020 парвозҳои доимии ҳавопаймоҳоро қатъ карданд. Ҳазорон нафар, ба мисли хонаводаи Аъзамҷон, дар пайи роҳбандиҳо дар гӯшаву канори кишварҳои гуногун дармонданд. Моҳи май парвозҳои чартерӣ ба роҳ монда шуд ва қисме аз шаҳрвандони дармонда ба ватан баргаштанд.

Аъзамҷон Рауфов мегӯяд, талошҳои ҳамсараш барои бозгашт тавассути парвозҳои чартерӣ то моҳи сентябр бенатиҷа буд: "Замоне ки имкон пайдо шуд, охирин маблағҳои худро барои харидани хӯрок сарф карда буданд. Ҳисоб кардем, ки аз Чита то Новосибириск ва аз он ҷо то Тоҷикистон тақрибан 200 ҳазор рубли русӣ зарур аст. 20 ҳазор рубл дорем. Интизорем, билет арзон шавад ва бо ин пул баргарданд."

"Дар вагон зиндагӣ мекунем"

Ёсуман Юсуфова, ҳамсари Аъзамҷон Рауфов, мегӯяд, дар канори ноҳияи Могочои шаҳри Чипта дар вагон зиндагӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, аз ҳукумати маҳаллӣ андаке ёрӣ гирифтанд ва бо он танҳо кӯдаконашро сер мекунад.

Ягона василае, ки ду ҷуфтро ба ҳам мепайвандад, тамос тавассути шабакаҳои иҷтимоист. Ба ин васила, ҳамдигарро мешунаванд, мебинанд, дарду роз мегӯянд, вале ба қавли Аъзамҷон, "дасташ барои ба оғӯш гирифтани фарзандонаш намерасад".

Намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, имкони арзон кардани нархи билетро надоранд, чун аз як тараф бе мусофир парвоз мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон ва Русия мегӯянд, маълум нест, вазъ кай ба ҳолати маъмулӣ бармегардад.

Русия дар баробари Амрикову Ҳинд ва Венесуела аз ҷумлаи кишварҳоест, ки сокинонаш аз ҳама бештар ба коронавируси нав мубтало шудаанд. Ин кишварҳо рӯз то рӯз маҳдудиятҳоро бештар мекунанд.

Тақдири норӯшани Шаҳноза ва Навид

Зарбаи аввалини пандемияи коронавирус маҳрум кардани наздикон аз дидори якдигар буд. Парвозҳои чартерӣ барои баъзе ин мушкилро осон кард, вале барои қисми дигар ҳанӯз маълум нест, ҷудоӣ кай ба поён мерасад.

Шаҳноза Муҳиддинова ва Навид Наҷафӣ
Шаҳноза Муҳиддинова ва Навид Наҷафӣ

Соле пеш Шаҳноза Муҳиддинова, сокини 25-солаи шаҳри Панҷакент бо Навид Наҷафӣ, шаҳрванди Афғонистон тасмим гирифтанд, ки издивоҷ мекунанд. Онҳо дар Панҷакент тӯй баргузор карданд, никоҳи мусалмонӣ намуданд, вале мушкил дар санадҳо имкон надод, издивоҷашонро расман сабт кунанд.

Навид Наҷафӣ, ки дар дафтари ЮНЕСКО дар Афғонистон кор мекунад, аввали соли 2020 ба Афғонистон рафт, то санадҳояшро дуруст кунад ва издивоҷ бо ҳамсари тоҷикашро расмӣ кунад. Марз баста шуд ва ҳоло ин ҷуфт даҳ моҳ боз дар интизори расидан ба ҳам ҳастанд. "На шавҳарамро гузоштанд, ки ба назди ман биояд ва на маро гузоштанд, ки ба назди ӯ равам. Ба вай виза надоданд. Хеле азоб дорем. Одам ба умеде издивоҷ мекунад, ки зиндагии якҷоя дошта бошад", -- мегӯяд Шаҳноза Муҳиддинова.

Ба номаи Шаҳноза дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтаанд, танҳо пас аз иҷозати Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус имкон доранд ба дидори якдигар бирасанд. Шаҳноза мегӯяд, ки "Ситод се моҳ боз посух намедиҳад".

Саҳифаи дигаре дар бахши раовншиносӣ

Мақомоти Тоҷикистон иддао мекунанд, ки гирифторӣ ба коронавирус коҳиш ёфтааст ва бар асари беморӣ 90 кас ҷон бохтаанд. Бо ин вуҷуд, ба ин омор кам кас бовар мекунад ва ҳанӯз қоидаҳои дарёфти сафар ба Тоҷикистон ва берун шудан аз он шадид мондааст.

Мисли қаҳрамонони гузориши мо садҳо нафар дар гӯшаҳои олам банд мондаанд ва фироқи дурӣ аз пайвандонро мекашанд. Даврон Шафиев, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, пандемияи коронавирус бо эҳтимоли зиёд як саҳифаи дигаре дар илми равоншиносӣ хоҳад кушод, ки ба осебдидагон замони пандемия кумак мекунад.

Ӯ гуфт, осебҳои замони пандемия ба равони инсонҳо амиқтар мешавад. "Вақте роҳ боз буд, инсонҳо агар як сол ҳам намедиданд, умед доштанд, ки мебинанд. Ин вазъ дидорҳоро номумкин кард ва ноумедиро ба вуҷуд овард. Хонаводаҳо, кӯдакон аз таъсири дурӣ ва мушкили иқтисодӣ осеб диданд. Фикр мекунам, зарбаи равоние, ки инсонҳо дар ин давра бардоштанд, солҳо ба табобат ниёз пайдо мекунанд", шарҳ дод ӯ.

Коронавируси нав, ки моҳи январи соли гузашта дар вилояти Вуҳани Чин сабт шуда буд, то моҳи март дар аксар кишварҳои дунё паҳн шуд. Бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши он кишварҳо роҳҳоро бастанд ва маҳдудиятҳо ҷорӣ карданд. Ҳанӯз маълум нест, ин маҳдудяитҳо кай ба поён мерасанд, ҳарчанд ваксинзанӣ дар баъзе аз кишварҳо шуруъ шуда, умедвориеро барои тағйири вазъ ба вуҷуд овардааст.

XS
SM
MD
LG