Баъд аз чанд соат аз вуруди тарафдорони Доналд Трамп ба бинои Конгресс ва қатъ шудани нишасти якҷояи вакилони Амрико, баъзе аз кишварҳои ғарбӣ аз ин кор нигаронӣ карданд. Аз ҷумла, вазири корҳои хориҷии Олмон гуфт, хушунат ва ҳарҷу марҷ "душманони демократия"-ро дар саросари ҷаҳон хушнуд хоҳад кард.
Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё дар Твиттер бо ишора ба аксҳои пахшшуда дар расонаҳо навишт: "саҳнаҳои нангин дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида." "Амрико тарафдори демократия дар саросари ҷаҳон аст ва акнун муҳим аст, ки бояд як интиқоли сулҳомези қудрат сурат гирад,"-навишт Ҷонсон.
Вале ба фарқ аз кишварҳои ғарбӣ, дипломатҳои Русия равиши дигареро пеш гирифтанд.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия навиштаи яке аз рӯзноманигорони амрикоиро дар Фейсбук бознашр кард, ки дар он гуфта мешуд: "Иёлоти Муттаҳида дигар наметавонад ба ҷаҳониён бигӯяд, мо улгуи демократия ҳастем."
Дмитрий Полянский, муовини аввали сафири Русия дар Созмони Миллал, тасвирҳои рӯзи чаҳоршанберо дар назди Конгресси Амрико "сабки майдон" хонд. Ишораи Полянский ба тазоҳуроти соли 2014 дар Украина аст, ки дар пайи он Виктор Янукович аз мақомаш барканор шуда буд.
Дмитро Кулеба, вазири умури хориҷии Украина дар Твиттер навишт, "бояд қонун ва усули демократия дар Вашингтон эҳё шавад." Чун ба гуфтаи Кулеба, "ин на танҳо барои Иёлоти Муттаҳида, балки барои Украина ва демократия дар ҷаҳон муҳим аст."
Рӯзи 6-уми январ вакилони Конгресс ва Сенати Амрико ҷамъ шуданд, то натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи ноябрро тасдиқ кунанд. Вале ин ҷаласа баъди вуруди издиҳоми хашмгини тарафдори раиси ҷумҳур Доналд Трамп ба бинои Конгресс, ба ҳарҷу марҷ табдил ёфт.
Издиҳоми хашмгин, ки дар назди Капитол, бинои Конгресс ҷамъ омада буданд, ба зӯр ба самти бино ҳаракат карда, маъмурони пулисро ақиб заданд ва вориди бино шуданд.
Тасдиқи натиҷаҳои интихобот, расмиёти ниҳоӣ барои ҳамвор кардани роҳи Ҷо Байден раиси ҷумҳури мунтахаб барои адои савганд дар рӯзи 20-уми январ аст. Аммо расмиёти соддаи шумориши ҳайатҳои интихоботии ҳар иёлат ба баҳси асабоникунандае табдил ёфт, чун гуруҳе аз вакилон ба тасдиқи орои ҳайатҳои интихоботӣ аз баъзе иёлатҳои мухолифат карданд.
Ҳангоми ҷаласа дар берун аз бинои Капитол издиҳоми тарафдори Трамп бо маъмурони пулис бархӯрд карданд ба дохили бино роҳ ёфтанд ва сабаби мутаввақиф шудани ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ва Сенат шуданд.
Аъзои Конгресро аз бино берун бурданд ва пулис ба онҳо гуфт, ниқобҳои зидди гази ашковар бипӯшанд, чун барои пароканда кардани издиҳом аз ин василаи муқобила бо тазоҳургарон истифода шуд. Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрикоро, ки ҷаласаи муштараки вакилонро назорат мекард, маъмурони амниятӣ зуд аз бино берун бурданд.
Дар видеоҳо дида мешавад, ки чӣ гуна тарафдорони Трамп дар дохили бинои Капитол мегарданд ва ба толори Сенат ворид мешаванд. Дар як аксе дида мешавад, ки маъмурони амниятӣ аслиҳаи худро берун кашидаанд ва вакилон зери курсиҳо пинҳон шудаанд. Дар дохили бино як зане аз тири туфанг захмӣ шудааст.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико амалкарди тарафдорони Трампро танқид кард ва аз раиси ҷумҳур хост, аз тариқи телевизиони саросарӣ ба тарафдоронаш муроҷиат кунад, ки бетартибиро бас кунанд. Ӯ гуфт: “Демократияи Амрико таҳти ҳамлаи бесобиқае қарор гирифтааст. Ин норизоятӣ нест, ин беназмӣ ва ҳарҷу марҷ аст.”
Доналд Трамп баъди муддати кутоҳе бо як муроҷиати видеоӣ дар Твиттер дигарбора иддаои беасосаш дар бораи тақаллуб дар интихоботро такрор карда гуфт, ки тарафдоронаш “ба хона раванд.”
Баъди бетартибӣ дар бинои Капитол ҳам ӯ дар Твиттер навишт, ки тарафдоронаш “ором бошанд”. Кевин Маккарфи, вакили Маҷлиси намояндагон амалкарди издиҳомро ғайриамрикоӣ хонд ва ба телевизиони Фокс Нюс гуфт: “Ончӣ ки мегузарад, ғайриамрикоӣ аст ва бояд бас карда шавад.”
Мариел Бовсер, шаҳрдори Вашингтон дар шаҳр аз соати 6 шом то субҳи панҷшанбе қуюди шабгардӣ эълон кард.
Пештар аз ин ҳазорон нафар аз тарафдорони Доналд Трамп дар Вашингтон ҷамъ омаданд, то ба зидди натиҷаҳои интихобот эътироз кунанд. Трамп пайваста ва бидуни далелу асос гуфтааст, ки дар интихобот тақаллуб шудааст ва на Байден, балки ӯ пирӯз омадааст. Доналд Трамп дар ҳузури тарафдоронаш дар назди Кохи Сафед ва чанд лаҳза пеш аз оғози нишаст бо лаҳни тунде расонаҳо ва интихоботро танқид кард ва гуфт:
“Мо ҳеч гоҳ таслим намешавем. Мо ҳеч гоҳ эътироф намекунем.” Издиҳом ҳам фарёд мекашид, ки “дуздиро бас кунед.”
Пеш аз беназмӣ, дар Конгрес баҳсу ҷадал дар бораи натиҷаҳои интихобот бархост, чун камаш 14 вакили Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва бештар аз 100 узви Маҷлиси намояндагон ба тасдиқи натиҷаҳои интихобот дар баъзе иёлатҳо мухолифат карданд.
Тасмими ин вакилон барои ба чолиш кашидани натиҷаҳои интихобот дар байни худи ҷумҳурихоҳон ихтилоф барангехт. Митч Макконел раҳбари ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон ҳамҳизбонашро барои чунин коре танқид кард ва гуфт: “Раъйдиҳандагон, додгоҳҳо, иёлатҳо ҳама сухани ниҳоиашонро гуфтанд. Агар мо ҳарфи онҳоро рад кунем, то абад ба ҷумҳурӣ зиён мерасонем.”
Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки имрӯз “рӯзи таърихии дорои аҳамияти фавқуллода барои таъмини боварӣ ба системаи демократии мо аст.”
Бо вуҷуди ин 14 вакили ҷумҳурихоҳ ба раҳбарии Ҷош Ҳоли аз иёлати Миссури ва Тед Круз аз Тексас ҳамроҳ бо 100 ҳамҳизбашон дар Маҷлиси намояндагон барои беэътибор донистани натиҷаи орои ҳайатҳои интихоботӣ дар 6 иёлат, аз ҷумла Аризона, Ҷорҷиа, Невада, Мичиган, Пенсилвания ва Висконсин талош карданд. Мухолифату эрод ба натиҷаҳо сабаб шуд, нишаст то шом идома кунад.
Талоши ҷумҳурихоҳон ҳеч самаре намедиҳад, чун Маҷлиси намояндагон дар дасти демократҳо аст ва бисёре аз ҷумҳурихоҳон низ бо ҳамҳизбони мухолиф ба натиҷаҳо ҳамназар нестанд.
Ҷаласаи Конгресро Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳур назорат мекард ва бо вуҷуди фишори Трамп барои напазируфтани пирӯзии Ҷо Байден ӯ, гуфт, ки ин корро намекунад.
Доналд Трамп барои ин баёния Майк Пенсро танқид карда гуфт, ки ӯ барои ба чолиш кашидани натиҷаҳои интихобот “ҷасорат” накардааст.
Дар интихоботи рӯзи 3-уми ноябр Ҷо Байден 306 ва Доналд Трамп 232 орои ҳайатҳои интихоботиро ба даст овард ва ин натиҷаҳоро тамоми ҳайатҳои интихоботӣ аз иёлатҳои Амрико тасдиқ кардаанд.
Додгоҳу иёлатҳо шикоятҳои расмии ситоди Доналд Трамп дар бораи тақаллубу қонуншиканӣ дар интихоботро беасос номида рад карданд, вале раиси ҷумҳур пайваста иддаои беасос дар бораи тақаллубкорӣ дар интихоботиро такрор мекунад.